Дар нишасти матбуотии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корманди рӯзнома доир ба ваколати нави ин ниҳод, ки дар заминаи таҳия, қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» муқаррар шудааст, савол пешниҳод намуд.
Лозим ба ёдоварист, ки санади меъёрии ҳуқуқии зикршуда бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат пешниҳод гардида, ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо барои додани шаҳодатнома оид ба воридоти бензин ваколат дод.
Директори агентӣ Темурҷон Абдулваҳҳобзода иқдоми мазкурро саривақтӣ ва барои таъмини бехатарии маҳсулоти нефтӣ муҳим арзёбӣ карда, минҷумла гуфт, ки то ин замон аз ҷониби воридкунандагони бензин 11 дархост ворид гардида, ба 2 субъект чунин шаҳодатнома дастрас гардид.
Зимни саволу ҷавоб журналистон иттилоъ гирифтанд, ки дар натиҷаи гузарондани назорати давлатӣ 1 миллиону 436 643 кг маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоӣ ошкор шудааст, ки як қисми он (1 миллиону 051 305 кг) аз лиҳози бехатарӣ ва боқимонда (385 338 кг) аз рӯи тамғагузорӣ дар борҷома ба талабот ҷавобгӯ набуданд. Аз ҷумла, дар озмоишгоҳҳои «Тоҷикстандарт» аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ 84 360 кг маҳсулоти гӯштӣ, 134 826 кг равғани растанӣ, 272 308 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 114 573 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 65 100 кг маҳсулоти қаннодӣ, 22 974 кг маҳсулоти ширӣ, 73 845 кг иловагиҳои ғизоӣ, 367 440 кг намак, 1259 кг тухми мурғ ва дигар маҳсулот, ки қисми зиёдашон маҳсулоти воридотӣ ба ҳисоб мераванд, ғайристандартӣ эътироф шуда, нисбат ба воридкунандагони ин маҳсулот чораҳои маъмурӣ андешида шуд.
Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони масъулиятшинос барои нобудсозии 87 000 кг маҳсулоти гуногуни хӯроквории муҳлати истеъмолашон гузашта дархост ворид гардид.
Барои вайрон кардани қоидаҳои савдо, фиреб додани истеъмолкунандагон ва риоя накардани талаботи қонунгузории соҳа ашхоси муҷрим ба маблағи 1 миллиону 602 972 сомонӣ ҷарима шуданд.
Барои таъмини сифат ва бехатарии маводи сӯзишворӣ соли 2023 агентӣ 949228,2 тонна маҳсулотро ташхис намуда, 359,4 тонна сӯзишвории ғайристандартиро ошкор ва ба тамғаи дигар гузаронд.
Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»