Вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон

№18 (4758) 07.02.2024

ВАКИЛОНАз 26-уми январ то 5-уми феврали соли ҷорӣ раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода ва вакили Маҷлиси намояндагон Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз Қурбонзода дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Роштқалъа, Шуғнон, Рӯшон, Ванҷ, Дарвоз ва вакили Маҷлиси намояндагон Саодатшо Матробиён дар ноҳияи Ишкошим бо фаъолон, кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, сохторҳои низомӣ вохӯрда, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро шарҳу тавзеҳ доданд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон зимни шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз сиёсати хирадмандонаю созандаи Пешвои миллат дар пешрафти мамлакат, муҳимтарин дастовардҳои соли 2023, ҳадафҳои нави стратегии кишвар, ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, нақши Маҷлиси намояндагон дар таҳия ва қабули қонунҳо, роҳҳои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, амалӣ сохтани барномаҳои соҳаҳои маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар нуктаҳои он ёдовар шуданд. Изҳор дош­танд, ки Паём қутбнамои рушди устувор ва дастури зиндагии шоиста барои ҳар як сокини мамлакат мебошад ва мо ҳар як нуктаи онро бояд сари вақт дар амал татбиқ намоем.

Зимни суҳбати ошкору самимӣ бо интихобкунандагон вакилони Маҷлиси намояндагон оид ба аҳамияти бузурги сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии Паём ибрози андеша карда, изҳор доштанд, ки роҳҳои расидан ба ҳадафҳои бузургу муҳим ва таъмини зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар Паёми Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба таври мушаххас ва дақиқ нишон дода шудаанд.

Дар интиҳо ҳамаи дархосту пешниҳодҳои интихобкунандагонро вакилони Маҷлиси намояндагон ба эътибор гирифта, ба пурсишҳои онҳо посухҳои мушаххас ва қонеъкунанда доданд.

Вакили Маҷлиси намояндагон Ғайрат Азиззода бо омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи омӯзгорӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 17-и ноҳияи Мастчоҳ мулоқот намуд.

Ҳамзамон, вохӯрии вакил бо интихобкунандагон дар маркази ташхисӣ — табобатии «Сино» ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18-уми шаҳраки Обшорони ноҳия баргузор гардид, ки дар онҳо масъалаҳои дар Паём ироашуда тавзеҳу мартаҳ гардиданд.

2-юми феврал дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҳакимзода бо интихобкунандагон мулоқот кард.

Гуфта шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози фарогирии масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дар замони қувват гирифтани рақобати давлатҳои абар­қудрат ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти башарӣ ҳуҷҷати арзишманд ва ҳидоятсози мардуми мамлакат маҳсуб мешавад. Он ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ равона гардидааст.

Шарифҷон Ҳакимзода роҷеъ ба самтҳои афзалиятноки минбаъдаи рушди мамлакат, рақамикунонии иқтисодиёт, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва ба давлати содиркунандаи «неруи сабз» табдил додани Тоҷикис­тон, рушди босуръати соҳаҳои саноату сохтмон, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, эҳтиром ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар ҷомеа, инчунин, арҷгузорӣ ба фарҳангу маданияти миллӣ, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дарҷ гардидаанд, ибрози андеша намуд.

Ҳамзамон, аз ҳозирин даъват гардид, ки ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назаррас гузоранд.

Дар деҳоти «Зарзамин»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон Мавлудахон Мирзозода бо интихобкунандагон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Мавлудахон Мирзозода зимни суханронӣ вобаста ба тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, самаранок истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳушёрию зиракии сиёсии мардум, садоқат ба халқу Ватан ва сарҷамъ гардидан дар атрофи сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фикру андешаҳои судманд баён дошт.

Машҳури ИМОМНАЗАР,

Мухтори АБДУЛЛО,

«Садои мардум»,

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон