Дар ситоиши Мавлоно

№113 (3259) 30.09.2014

«Забони осори Мавлоно забони қалби инсонҳост, ки барои ҳамаи халқияту миллатҳо фаҳмо мебошад. Ин аст, ки ӯ дар тамоми ақсои Шарқу Ғарб ҳамчун яке аз бузургтарин шоирону мутафаккирон маҳбубият пайдо кардааст ва эҷодиёташро дар тамоми олам пиру ҷавон, марду зан, сарфи назар аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинии худ, бо шавқу завқи беандоза қироат карда, аз он неруи маънавӣ мегиранд. Воқеан ҳам ӯ шоир ва донишманде мебошад, ки мероси адабиаш тайи асрҳо дар хизмати инсоният қарор дорад».

«Ӯ дар таълимоти худ масъалаи баробарии дину мазҳабҳои гуногун ва дар ин поя андешаи таҳаммулпазирии динӣ, мазҳабӣ ва қавмиро ба миён гузоштаааст, ки имрӯз ҳамсадои робитаи мусолиматомези фарҳангҳо ва гуфтугӯи тамаддунҳост. Инсон барои ин мутафаккир, ки худро «на тарсову яҳуд, на габру мусулмон, на шарқиву ғарбӣ, на улвию сифлӣ» мешуморид, беҳтарин офарида ва муъҷиза аст. Бо дарназардошти ин, агар Мавлонои Балхиро, ки мақому манзалати инсонро сарфи назар аз мансубият ба миллату мазҳабҳои гуногун аз ҳама болотар гузоштааст, яке аз саромадони оғози муколамаи Шарқу Ғарб ва робитаи мусолиматомези дину мазҳабҳо ҳисоб намоем, муболиға ё иштибоҳе нахоҳад шуд».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон

 «Ҷалолиддини Балхӣ авҷи ношинохтаи шеъри сӯфияро тасхир карда ва баъд аз вай наслҳои инсон як қуллаи тасхирнопазир ва хоси ӯ боқӣ монд. «Маснавӣ»-и азими Мавлоно дарвоқеъ, зубда ва ҳосили таҷрибаи дунёи Ислом дар тамоми қарнҳо маҳсуб мегардад…».

Абулҳусайни Зарринкӯб

***

«Маснавӣ»-и Мавлавӣ бидуни муболиға ва бе ҳеҷ шакку тардид ҷомеътарин асари манзуми ирфонӣ ва яке аз бузургтарин шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳон аст…«Маснавӣ» на аз шеърҳои маъмулӣ аст, нағмае илоҳӣ ва суруде рӯҳонӣ аст, ки ба забони марде фариштахӯ ва ошиқ бар тарбияти башар сохта шуда ва манзури гӯяндаи он на касби ному нон ва на ҷоҳу мақоми дунявӣ ва изҳори фазл буд, балки саропойи вуҷудаш аз ишқ ба ҳақиқату инсоният моломол буда…».

 Бадеъуззамони Фурӯзонфар

***

«Ман ҳаргиз зеботар аз шеъри Мавлоно шеъре надидаам…».

 Иоҳан Волфганг фон Гёте

***

Дар Бухорое, ки гуфта Мавлавӣ:

«Ин Бухоро манбаи дониш бувад»

Баъди Мавлоно чӣ гӯям, эй дареғ,

Ин Бухоро маншаи нолиш бувад…

***

Дӯстам, пеш аз ту ҳам ашъори ҳофиз будааст,

Ин қадар аз худ марав, пеш аз ту Ҳофиз будааст.

Ҳар мукофоте, ки бошад дар ҷаҳон баҳри сухан,

Бештар бар Мавлавии Балх ҷоиз будааст.

 Лоиқ Шералӣ