Сенатори Рим Марк Катон дар 80-солагӣ забони юнониро омӯхт.
Суқрот дар 70-солагӣ ба навохтани созҳои мусиқӣ оғоз намуда, ин ҳунарро комилан аз худ кард. Микеланҷело асарҳои барҷастаи хешро дар 80-солагӣ офаридааст. Фоҷиаи машҳури худ «Фауст»-ро Ҳёте дар 80-солагӣ эҷод намуд. Муаррихи олмонӣ Леополд Ранке дар 91-солагӣ эҷоди асари «Таърихи ҷаҳон»-ро ба итмом расонд. Лев Толстой дар 82-солагӣ чунон моҳирона дарав мекард, ки ҷавонон бо ӯ баробар шуда наметавонистанд.
Оҳангсоз ва дирижёр Игор Стравинский то 88-солагиаш асарҳои мусиқӣ эҷод кардааст. Шоир Беранже то 77, Виктор Гюго — 83, академик Иван Павлов — 87 ва драманависи Юнони қадим Софокл то 90-солагӣ эҷод намудаанд. Файласуфон Диоген ва Демокрит, рассомон Титсиан ва Микеланжело пас аз 80-солагӣ низ аз эҷод даст накашидаанд.
Олимони амрикоию аврупоӣ муайян намуданд, ки майнаи сари инсон на то 25-30, балки то 50-солагӣ ташаккул меёбад. Бар замми ин, агар шахс ба фаъолияти зеҳнӣ машғул бошад, мағзи сари ӯ ҳаргиз пир намешавад.
Тадқиқоти олимони ИМА муайян намуд, ки марҳилаи пурмаҳсултарини умри инсон аз 60 то 70-солагист. Давраи дуюм аз 70 то 80 ва давраи сеюм аз 50 то 60-солагӣ мебошад.
Синни миёнаи ҷоизадорони Нобел — 62, президентҳои ширкатҳои бузургтарини ҷаҳон — 63, пасторҳои 100 ибодатгоҳи бузургтарин — 71 ва папаҳои Рим 76 сол аст.
Таҳияи Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»