Дар назар аст, ки то охири соли равон дар назди Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар» беморхонаи хуштарҳу замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Дар ин бора директори коллеҷи мазкур Иброҳим Мусозода гуфт, ки беморхона тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, арзиши умумии иншооти мазкур 10,5 миллион сомониро дар бар мегирад ва аз ҳисоби маблағҳои худи коллеҷ сохта мешавад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот ҳоло 80 фоиз иҷро гардида, баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан беш аз 20 нафар мутахассисон бо ҷои кор таъмин хоҳанд шуд.
- Дар таҳхона ва ошёнаи якуми бино маркази ташхис ҷойгир карда мешавад. Ошёнаи дуюми беморхона бо 36 кати хоб бо тамоми таҷҳизоти зарурии тиббӣ муҷаҳҳаз хоҳад шуд. Ошёнаи сеюм маркази ҷарроҳӣ бо 22 кати хоб ва чорум ҳамчун ҳуҷраҳои таълимӣ барои донишҷӯён пешбинӣ шудааст. Самти асосии фаъолияти беморхона ба бемориҳои даруна, аз қабили роҳҳои нафас, дилу рагҳо ва меъда равона хоҳад шуд, — гуфт И. Мусозода.
Айни замон дар коллеҷ 3107 нафар донишҷӯён дар чор факултет, аз рӯи шаш ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Ҷиҳати бо ҷои кор таъмин гаштани хатмкунандагон Иброҳим Мусозода посух дод, ки ҳамасола гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шуда, дар шаҳру ноҳияҳо ин масъаларо меомӯзанд ва тибқи таҳлилҳо аз 62,5 то 68 фоизи хатмкардаҳои коллеҷ бо ҷои кор таъмин мешаванд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»