Донишманди зеҳнпарвари башарият

№19 (4759) 09.02.2024

Агар ба таърихи рушди илм назар кунем, маълум мегардад, ки заминаи амаливу назариявии он дар Шарқ гузошта шудааст. Аз сабаби он ки дар Аврупо тафаккури илмӣ вобаста бо зарурати ҷомеа инкишоф ёфт ва саноат тараққӣ кард, бисёре аз кашфиёт татбиқ шуданду боз ба Шарқ баргаштанд. Аз ҷумла, олимони тоҷику форс Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ, Хоразмӣ, Насриддини Тусӣ ва дигарон бо донишу андешаи фарох дар рушди илми ҷаҳонӣ хидматҳои мондагор анҷом додаанд. Кашфиёте, ки ин олимон дар самтҳои гуногуни илм кардаанд, онҳоро зеҳнпарвари башарият муаррифӣ мекунад. Ба ин хотир, тасмим гирифтем, кашфиёти ин олимони шаҳирро пешкаши хонандагони рӯзнома намоем.

Аввалин матлаб хонандагони рӯзномаро ба кашфиёти Закариёи Розӣ ошно месозад. Ӯ ҳамчун файласуф, табиб ва табиатшиноси барҷаста шуҳрати оламшумул дорад. Аз осори донишманди бузург маълум мегардад, ки дар самтҳои гуногуни илм (фалсафа, кимиё, тиб, илмҳои табиӣ, мантиқ, мусиқӣ, шеърият, ахлоқ) дастовардҳои зиёду камназир дорад. Вақте сухан дар бораи кимиё меравад, метавон гуфт ӯ аз нобиғагонест, ки ба илми мазкур асос гузоштааст. Кашфиёти ӯ кам нест, аммо муҳимтаринашон инҳоянд:

АСОСГУЗОРИ ИЛМИ КИМИЁ

Дар он замон, бо назардошти он ки корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ағлаб дар озмоишгоҳҳо сурат мегирифтанд ва инфиҷору дудҳои ғализро боқӣ мегузоштанд, кимиёро ба сеҳру ҷоду мансуб медонистанд. Розӣ, ки ба ҳаёт назари олимона дошт, ба кимиё рӯ овард. Дар бораи чанд амалиёти кимиёвӣ, ки имрӯз ҳам маъруфанд, аз қабили катализатсия (маводе, ки суръати реаксияи кимиёвиро метезонад), дистилятсия (муқаттар, ҷудошавӣ, тақсимшавии мавод) Закариёи Розӣ дар китоб­ҳояш нигоштааст. Донишманд моддаҳоеро, ки тавассути таҳқиқот ба даст овард, на танҳо барои истифода пешниҳод месозад, балки дар бораи ҳар кадоме дар алоҳидагӣ маълумоти муфассал медиҳад.

ТРАНСПЛАНТАТСИЯ

Бисёриҳо мепиндоранд, ки трансплантатсия (иваз намудани узви инсон) кашфи аврупоиҳост. Аммо бори аввал чунин ҷарроҳиро олими бузурги Шарқ Закариёи Розӣ анҷом додааст. Чун дар асри XIII аврупоиҳо ба илми кимиё мароқи зиёд доштанд, китобҳои ӯро тарҷума намуда, аз трансплантатсия огоҳ шуданд.

КЕТГУТ

Кетгут риштаест, ки дар тиб барои дӯхтан пас аз ҷарроҳӣ истифода мешавад. Барои ин амал табибон аз риштаҳои гуногун истифода менамоянд ва дар бисёр ҳолат баъд аз сиҳат шудани захм онҳоро аз бадани кас берун меоранд. Аммо навъи дигари ришта низ мавҷуд аст, ки он дар бунияи инсон таври табиӣ нест мешавад. Онро бори аввал мутафаккири бузурги тоҷик Закариёи Розӣ кашф намудааст.

Ӯ рӯдаи хушккардашудаи гӯсфандро ба таври махсус тобида, ҷойи ҷарроҳишударо медӯзад. Дар натиҷа, ин ришта дар организми инсон махлут мегардад. Ин таҷриба бо баъзе дигаргуниҳо дар тибби имрӯза низ васеъ истифода мешавад.

ҲАБ

Закариёи Розиро асосгузори фармакология низ мегӯянд, зеро зиёновар ва муфид будани таркиби баъзе моддаҳои кимиёвиро бори аввал ӯ собит намуда, шакли давоии ҳаб (таблетка)-ро пешниҳод кард. Ӯ собит сохт, ки агар баъзе маҳлулҳои консентратсияшуда (омехта) ба организми инсон ворид шаванд, сабаби рафъи бемориҳо мегарданд.

ГӮГИРД ВА СПИРТ

Ихтирои гӯгирдро ба химики фаронсавӣ Жан Шансе мансуб медонанд. Дар адабиёти илмӣ омада, ки бори аввал ӯ гӯгирдро соли 1805 кашф намудааст. Аммо сарчашмаҳои таърихӣ собит намудаанд, ки бори аввал фосфор (кибрит)–ро, ки ҳоло дар шакли гӯгирд истифода мебарем, Закариёи Розӣ кашф намудааст.

Спирт то замони Закариёи Розӣ на танҳо истифода намешуд, балки кашф нашуда буд. Дар баробари кашф Розӣ собит намуд, ки ин маҳлул қобилияти пурра пок намудани ҷароҳат ё ҷойи ҷарроҳиро дорад.

ОЗМОИШГОҲ

Аввалин озмоишгоҳро Закариёи Розӣ бо устодаш Ибни Ҳайсам ташкил намуданд. Ӯ бори аввал муайян кард, ки дар озмоишгоҳи кимиёӣ чӣ гуна бояд фаъолият кард ва дар он чиҳо бояд мавҷуд бошанд. Асбоби озмоиширо дар шакли найчашиша (пробирка), колба, титр бори аввал ин пажӯҳишгари фарҳехтаи тоҷик истифода намуд.

ДИАГНОСТИКА

Закариёи Розӣ аз аввалин табибонест, ки мушаххас намудани бемориро аз дигар бемориҳо (имрӯз онро диагностика меноманд) пешниҳод намудааст. Ба фаъолияти тиббии ӯ тарзи хобондани бемор ба рӯи мизи ҷарроҳӣ, усули чок кардан, тарзи безарар намудани ҷойи ҷарроҳиро низ вобаста менамоянд. Ӯ ҳатто баъзе асбобҳоро барои ҷарроҳӣ намудан худаш месохт. Асбобе, ки бо он имрӯз ҷои ҷарроҳиро медӯзанд, он низ кашфи Закариёст.

БА ҚИСМҲО ҶУДО НАМУДАНИ ОРГАНИЗМ

Ин амалро дар илми тиб бори аввал Закариёи Розӣ анҷом додааст. Китобҳои «Тибби мансурӣ» ва «Ал — ҳовӣ»-ашро вобаста ба ҳар як узви инсон алоҳида тақсимбандӣ намуда, собит кардааст: ҳар узви инсонро бояд духтури алоҳида табобат кунад.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»