Аз нишастҳои матбуотӣ

Оғози банаворгирии филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ»

№19 (4759) 09.02.2024

DSC_8213Соли 2023 дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» мактаби синамогарони ҷавон «Навомӯз» ба номи Муҳаббат Сатторӣ, шуъбаи филмноманависон ва бахши нақди кино таъсис дода шуд. Ин иқдомҳо бо мақсади тарбияи кадрҳои қобилиятноку лаёқатманд ва ҷалби ҷавонон ба соҳаи синамо, пешниҳоди филмҳои хубу баландмазмун роҳандозӣ гардид. Директори муассиса Маҳмадсаид Шоҳиён дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ 6-уми феврал иттилоъ дод.

Зикр гардид, ки соли гузашта бори аввал тавассути Питчинг (як навъи рӯнамоии лоиҳаҳо)  4 филми ҳунарии пурра, 7 филми мустанад, 2 филми кӯтоҳ ва 2 филми тасвирӣ рӯйи навор оварда шуд. Соли ҷорӣ наворбардории филми муштараки синамогарони Тоҷикистону Ӯзбекис­тон дар бораи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ оғоз мегардад. Барои таҳияи филм таҳиягарон аз чанд минтақа дар Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркия боздид карданд.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»