6-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзаалӣ Ҷаъфарзода кам гардидани теъдоди хатмкунандагони синфҳои 11-ро сабаби асосии коҳиши теъдоди довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ арзёбӣ намуд.
Шумораи хатмкунандагони синфи 11 дар соли ҳисоботӣ 105 ҳазору 839 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2022-юм 13 ҳазору 853 нафар камтар аст. Аз ин шумора, дар давраи асосии бақайдгирӣ ҳамагӣ 68 ҳазору 675 нафар (64,89 фоиз) барои иштирок дар ИМД-2023 худро номнавис кардаанд.
Ҳамзамон, дар асоси «Тартиби гузарондани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-уми апрели соли 2023 дар таҳрири нав тасдиқ гардид, бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур дар 4 давра роҳандозӣ гардид.
Мирзо РУСТАМЗОДА,
«Садои мардум»