Тадбирандешӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим

№20 (4760) 12.02.2024

Тағйирёбии иқлим ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст ва барои мутобиқшавӣ ба он ва кам кардани таъсири ҳодисаҳои табиат чораю тадбирҳо андешида мешавад.

Дар ҳамоише, ки чанд рӯз пеш дар шаҳри Душанбе баргузор гардид намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон, шарикони рушд ва бахши хусусӣ иштирок намуданд. Дар он аз иштироки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид  оид ба тағйирёбии иқлим/COP-28/, ки соли 2023 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ доир гардида буд, натиҷагирӣ карданд.

Дар ҳамоиш аз ҷониби масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се рӯнамо манзур гардид, ки дар онҳо натиҷаҳои бадастоварда, аз ҷумла баррасии гуфтушунидҳо ва аҳамияти онҳо ба ҷараёни маблағгузории иқлимӣ ва натиҷаҳои COP-28 ва таъсири онҳо ба маблағгузории иқлимӣ аз ҷониби шарикони рушд ва натиҷаҳои фаъолияти пурсамари павилони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи COP-28 баррасӣ шуданд.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»