Сокинони шаҳри Хуҷанд Шарифа Сайфиддинова ва Наргиса Норматова, ки модарони танҳо маҳсуб ёфта, фарзандони маъюб доранд, дар рӯзи қабули раиси шаҳр барои сохтмони манзили истиқоматӣ аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кумак хоста буданд.
Роҳбарияти шаҳр зимни боздид аз манзили зисти ин ду оила ба масъулон супориш дод, ки то фаро расидани фасли сармо бояд ба манзили нави истиқоматӣ таъмин бошанд.
Оилаи Иброҳимовҳо низ тайи солҳои зиёд аз фарсуда гаштан ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштани манзили истиқоматиашон азият мекашиданд. Дар баробари пиронсолу нафақахӯр будани зану шавҳар онҳо як фарзанди маъюбро низ ба воя мерасонанд. Бо кумаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд манзили зисти ин оилаи ниёзманд пурра аз нав ва бо тарҳи замонавии хушсохт бунёд карда, барои зиндагии сазовору осоиштаи онҳо тамоми шароит фароҳам оварда шуд. Аз рӯйи корҳои баанҷомрасида пешбинӣ мешавад, ки дар интиҳои моҳи равон оилаи Иброҳимовҳо дар манзили нав бӯрёкӯбон хоҳанд кард.
Корҳои сохтмонӣ дар манзили зисти оилаи Хайрӣ Ғаниева низ дар марҳилаи анҷомёбист. Бо кумаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои ин оила масолеҳи сохтмонӣ дастрас карда шуд. Айни замон боми хонаи онҳоро болопӯш карда истодаанд. Оилаи мазкур низ рӯзҳои наздик дар манзили нав зиндагии худро идома хоҳад дод.
Мухтори Абдулло, «Садои мардум»