Аз нишастҳои матбуотӣ

1,5 млн. сомонӣ камбудиҳо ошкор гардид

№20 (4760) 12.02.2024

2- Соли 2023 нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо назар­дошти ­тағйиру иловаҳо 372,1 миллион сомонӣ муқаррар гардида, иҷрои он 408,9 млн. сомониро ташкил дод, ки 110 фоизи нақшаи пешбинишударо дар бар мегирад, — гуфт сардори раёсати молияи минтақаи Кӯлоб Маъруф Ҷаъфарзода 1-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ.

Ҳамчунин, изҳор гардид, ки нақшаи буҷети маҳаллии шаҳри Кӯлоб 108 фоиз, ноҳияҳои Восеъ -105, Ҳамадонӣ -102, Фархор -112, Темурмалик-146, Муъминобод-104 ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 116 фоиз иҷро гардид.

Дар ноҳияи Ховалинг андоз аз арзиши иловашуда иҷро нагардид, ки дар натиҷа ба буҷет 1,4 млн. сомонӣ кам  ворид шуд.

Соли 2023 дар 125 ташкилоту муассисаи буҷетӣ оид ба мақсаднок истифода бурдани маблағҳо санҷиш гузаронида, 1,5 млн. сомонӣ камбудиҳо ошкор ва аз маблағи зикршуда 1,4 млн. сомонияш барқарор гардид.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»