Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҳакимбек Абдуалимзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки донишгоҳ соли гузашта ба дастовардҳои назаррас ноил шуд.
Нигоҳ доштани мақоми устувори чорум дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар (аз миёни 41 муассисаи таълимоти олии касбӣ), қабули донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои нав-иқтисоди рақамӣ, бехатарии иқтисодӣ, идораи давлат ва ҳуқуқ, амнияти компютерӣ, кибернетикаи иқтисодӣ ва идораи давлатӣ, таъсиси кафедраҳои замонавии вазорату идораҳои дахлдор, таҷрибаомӯзии таълимии донишҷӯён дар озмоишгоҳҳои навтаъсиси таълимии донишгоҳ аз ҳамон ҷумлаанд.
- Соли 2023 донишгоҳро 102 донишҷӯ бо дипломи аъло хатм намуд, ки нишондод нисбат ба соли 2022 зиёд мебошад. Як қисми онҳо барои кор ба соҳаҳои гуногун сафарбар шуданд, қисми дигар ба корҳои илмӣ, — афзуд ректори донишгоҳ.
Мушкили асосӣ барои донишҷӯён баъд аз хатми донишгоҳ дарёфти ҷойи кор мебошад. Муассиса ба хотири бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкардагон бо корхонаҳои гуногун шартнома ба имзо расонд. Дар асоси чунин шартномаҳо соли 2023-юм 53 фоизи хатмкардаҳо бо ҷойи кор таъмин шуданд.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»