29 марти соли 2013 дар Кохи Сомони бустонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 11-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Муколамаи ҳамкории Осиё баргузор гардид.
Барои иштирок дар ин ҳамоиш вазирони корҳои хориҷӣ ва ё дигар намояндагони воломақом аз 32 кишвари иштирокдори ин созмон ва ҳам вакилони созмонҳои зиёди минтақавию байналмилалӣ ба ҳам омаданд.
Дар оғози ҷаласа, ки бо сухани ифтитоҳӣ ва таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷараён гирифт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони ҳамоишро ба Тоҷикистон хуш омадед гуфта, изҳори умед намуд, ки зимни ҷаласаи имрӯза ва тайи раёсати Тоҷикистон дар Муколамаи ҳамкории Осиё бо кӯмаку дастгирӣ ва ҳамёрии шарикон натиҷаҳои назаррас барои шинохти бештари ин созмон ва татбиқи амалии ҳадафҳои волояш ба даст меоянд.
Таъкид гардид, ки бо вуҷуди таъриху фарҳанги бостонӣ ва имкону захираҳои фаровони табиӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ дар қитъаи Осиё, зиёданд кишварҳое, ки дастрасии кофӣ ба неъматҳои маъмулии иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла маҳсулоти ғизоӣ, неруи барқ, оби тоза, хизматрасонии тиббӣ ва маориф надоранд.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон барои бартарафсозии ин ҳолат бояд кишварҳои мутараққӣ ва пешрафтаи Осиё бо имконоти фарохи худ ба давлатҳои ҳамшарики ниёзманд мусоидат намоянд.
Аз ҷумла барои мусоидат ба рафъи мушкилоти энергетикии кишварҳои ниёзманди Осиё пешниҳод карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Форуми энергетикии кишварҳои иштирокдори ин созмон баргузор карда шавад.
Таклифу пешниҳодҳои мушаххаси дигар низ ба миён гузошта шуд, ки мавриди дастгирии аҳли ҷаласа қарор гирифт.
Дар қисмати ифтитоҳии ҷаласаи 11-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Муколамаи ҳамкории Осиё пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт шайх Холид ал-Ҳамад оли Сабоҳ ва собиқ Сарвазири Таиланд Таксин Шинаватра, ки аз ҷумлаи асосгузорони ин созмон ба шумор меравад, суханронӣ намуданд.
Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт шайх Холид ал-Ҳамад оли Сабоҳ бори дигар пешниҳоди Амири ин давлатро доир ба таъсиси Хазинаи молиявии Муколамаи ҳамкории Осиё бо сармояи ибтидоии 2 миллиард доллари амрикоӣ ба миён гузошта, иттилоъ дод, ки Давлати Кувайт омода аст ба ин хазина 300 миллион доллари амрикоӣ ворид намояд.