Муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонзода 7-уми феврал дар нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки соли сипаришуда бо мақсади муайян намудани сабабҳои болоравии нархи маҳсулот дар бозор ва пешгирии баландшавии беасоси он дар якчанд субъекти хоҷагидор санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ гузаронда шуда, ба маблағи 11,3 миллион сомонӣ қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ошкор ва ба буҷети давлатӣ ворид шуд.
Зикр гардид, ки соли 2023 бо мақсади пешгирӣ ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ, рақобати бевиҷдонона ва рушди рақобати солим дар заминаи пешниҳоди субъектҳои хоҷагидор нархномаи хизматрасонии бархе аз субъектҳо, аз ҷумла истеҳсоли семент, маҳсулоти ширӣ, ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон ва хизматрасонии алоқаи мобилӣ, аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ баррасӣ ва мувофиқа шуд.
- Хадамоти зиддиинҳисорӣ мониторинги 20 номгӯй мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ заруриро дар бозори беруна ва дохили ҷумҳурӣ гузаронда, тағйирёбии нархи онҳоро ҳамарӯза таҳлил ва арзёбӣ менамояд. Аксаран, ин номгӯй ё ашёи хом барои истеҳсоли онҳо аз хориҷи мамлакат ворид мешавад, ки ба болоравии нарх дар бозори ҷумҳурӣ оварда мерасонад,- иброз намуд Сафаралӣ Қурбонзода.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»