Аз нишастҳои матбуотӣ

Нақшаи қабул 79 фоиз иҷро шуд

№20 (4760) 12.02.2024

98-уми феврал нишасти матбуотии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов доир гардид. Ректори муассиса Муҳаммадшоҳ Абдуллозода иттилоъ дод, ки соли 2023 нақшаи қабули донишҷӯён, бинобар коҳиш ёфтани сафи довталабон дар донишкада, 79 фоиз иҷро шуд.

Донишкада бо 40 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, академияҳои варзиши хориҷӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҳамкориро васеъ ба роҳ мондааст.

Мунтахаби донишкада дар ҳайати 52 нафар аз рӯи 5 намуди варзиш — муштзанӣ, ҷудо, гӯштини самбо, гӯштини озод ва шиноварӣ аз миёни дастаҳои СҲШ, ИДМ ва БРИКС дар Федератсияи Россия бо 3 медали тилло, 1 медали нуқра ва 4 биринҷӣ баргаштанд. Инчунин, дастаи ҷудочиёни донишкада аз рӯи 6 вазн бо гирифтани ҷои 3-юми мусобиқаи ҷаҳонӣ ва Абубакр Шеров бо медали тиллои мусобиқа мушарраф гардиданд.

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»