Аз нишастҳои матбуотӣ

33300 ҳазор сомонӣ маблағи алимент ситонда шудааст

№20 (4760) 12.02.2024

10- Соли 2023 кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 655 мавод ва арзу муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро вобаста ба масъалаҳои таъмини иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор доданд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 7-уми август сардори хадамот Барно Саидвализода. 

Бино ба гуфти ӯ, бо татбиқи чораҳои маҷбурӣ иҷрои воқеии 31 741 ҳуҷҷати иҷро ба маблағи 113 миллион сомонӣ, 480 ҳазор доллари ИМА, 896 ҳазори рубли русӣ, 13 миллиону 300 ҳазор рубли беларусӣ ва 114 ҳазор тенгеи қазоқӣ таъмин гардидааст. Аз ин шумора ба манфиати давлат 19322 ҳуҷҷати иҷро ворид гардида, 56 миллион сомонӣ ситонда шудааст. Ба манфиати шахсони воқеӣ бошад, 278 ҳуҷҷати иҷро ба маблағи 11 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ва 290 ҳазор доллари ИМА рӯёнда шудааст.

- Соли 2023 ба хадамот 10 ҳазору 912 ҳуҷҷати иҷро оид ба ситондани алимент ворид гардид. Аз солҳои пешин, дар маҷмӯъ, 102 141 ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситондани алимент дар баррасии иҷрочиён мавриди иҷро қарор дошта, ба манфиати модару кӯдак зиёда аз 33 миллиону 300 ҳазор сомонӣ алимент ситонда шуд. Бинобар барқасдона саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти алимент нисбат ба 398 нафар қарздор тибқи талаботи моддаи 177 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз гардидааст. Бо пешниҳоди иҷрочиён нисбати 568 нафар қарздор барои сари вақт напардохтани алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷои зисташон аз ҷониби суд кофтуков эълон шудааст,- иброз намуд Барно Саидвализода.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,

«Садои мардум»