Аз нишастҳои матбуотӣ

9 миллиону 81 ҳазор сомонӣ зарар ба соҳаи нақлиёт

№20 (4760) 12.02.2024

14Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Азим Иброҳим зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли 2023 саҳми соҳаи нақлиёт дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 8,4 дарсад баробар гардида, 10 миллиарду 986,5 миллион сомониро ташкил дод.

Бино ба гуфти ӯ, соли гузашта тавассути ҳама намуди нақлиёт 120 миллиону 576,1 ҳазор тонна бор ва 899 миллиону 305,5 ҳазор мусофир интиқол дода шуд, ки нисбат ба соли 2022 мутаносибан 16,6 ва 9,8 дарсад зиёд мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки дар соҳаи нақлиёт 2604 корхона, аз ҷумла 2177 субъекти хоҷагидории нақлиёти автомобилӣ, 290 хоҷагии роҳҳо ва 137 корхонаи роҳи оҳан фаъолият дорад.

- Соли 2023 барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои автомобилгард аз буҷети ҷумҳуриявӣ 97,4 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, ба маблағи 85,1 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардиданд. Аз буҷети маҳаллӣ бошад, 14,2 миллион сомонӣ ҷудо гардида, ба маблағи 14,8 миллион сомонӣ корҳои таъмиру нигоҳдорӣ иҷро шудаанд. Ҳамчунин, бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва аҳолӣ ба маблағи 238,5 миллион сомонӣ корҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳои автомобилгард ва иншооти он иҷро гардидаанд, — зикр кард Азим Иброҳим.

Иттилоъ гирифтем, ки соли сипаришуда офатҳои табиӣ ба 309,17 км роҳ, 5 пул ва ду қубур ба маблағи 9 миллиону 81 ҳазор сомонӣ зарар расонд. Дар заминаи тадбирандешиҳои бетаъхир 294 км роҳ ва як қубур бо дарозии 10 метр бо харҷи 834,68 ҳазор сомонӣ аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳо барқарор шуд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»