Эътироф бояд намуд, ки тӯли 22 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Қубодиён ягона раисеро ёфт, ки дарвоқеъ, дар фикри ободкорӣ, созандагӣ ва мардум аст, зеро сохтмон ва бунёдкориҳое, ки бо вусъати том ҷараён дорад, дар замони раисони собиқ чунин суръат надошт.
«Аҳсант ва баракаллоҳ, Бекназарзода!» Ин аст дуою фотиҳаи ҳар қубодиёнӣ.
Аз сипари хабарӣ то бунёди 33 иншоот дар як сол
Агар сарвар шахси соҳибмаърифату донишманд ва фарҳангист, барои дар амал татбиқ кардани сиёсати имрӯзаи Президент, дар радифи дигар роҳу воситаҳо аз рӯзномаи маҳаллӣ низ истифода мебарад. Ин боиси пешравиҳо дар ноҳия ва дар маҷмӯъ беҳ гардидани вазъи кор хоҳад шуд.
Боиси тазаккур аст, ки расо як сол қабл Саъдулло Бекназарзода аз рӯзҳои аввали ба курсии раиси ноҳия нишастан аввалин иқдомаш ин буд, ки 5000 хонаводаи ӯзбектабори ноҳияро бо антеннаҳои махсуси телевизион ройгон таъмин намуд. Азбаски дар ин ноҳияи марзӣ шумораи ӯзбектаборон зиёд аст ва ҳамзамон сокинон дар тамошои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон мушкилӣ доштанд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз Ҷумҳурии Халқии Хитой 5000 адад антеннаи рақамии телевизионӣ дастрас ва дар навбати аввал ба хонаводаҳои ӯзбектабор ройгон доданд, ки бештар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистонро бубинанд ва забони адабии тоҷикиро дурусттар омӯзанд.
Саъдулло Бекназарзода зимни тасдиқи ин хабар гуфта буд:
- Дар ҳоле ки пахши барномаҳои телевизионҳои давлатии Тоҷикистон дар музофот бад буд, сокинони маҳаллӣ ба тамошои телевизионҳои ӯзбекӣ ва русӣ ба воситаи моҳвора рӯ оварда буданд. То ин замон телевизионҳои Тоҷикистонро аксарият тамошо намекарданд. Ба ҳамаашон антеннаҳои хитойӣ додем, ки шабакаҳои кишвари худамонро тамошо карда, забони тоҷикиро омӯзанд, бо забони давлатӣ гап зананд. Кӯшиш мекунем, ки ҷавонон ҳам бо забони давлатӣ таҳсили илм кунанд, забони тоҷикиро хуб донанд. Ояндаи наздик боз 5000 адад чунин антеннаҳоро дастрас карда, ба мардуми маҳаллӣ мерасонем. Ин антеннаҳо мавҷи 14 канали телевизиониро ба тамошогар дастрас менамоянд.
С. Бекназарзода ба ин назар аст, ки таъсиси шабакаи телевизионии минтақавӣ дар ин се ноҳияи ҳаммарз бо Ӯзбекистон ногузир аст ва дар роҳандозии чунин тарҳ аз таҷрибаи телевизионҳои маҳаллӣ дар навоҳии марзии вилояти Суғд дар оянда кор гирифта мешавад.
- Ман дар Хуҷанд, Мастчоҳ, дар дигар ноҳияҳои ҳамсарҳад бо Ӯзбекистони вилояти Суғд будам ва дидам, ки онҳо аз замонҳои пеш ба масъалаи телевизиону радиоҳои маҳаллӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд,- афзуд С. Бекназарзода.
Тибқи иттилои раиси ноҳия, дар соли 2014 бунёд, таъсис ва ташкили 33 адад иншооти дар маҷмӯъ саноатӣ, хизматрасонӣ ва маишӣ аз ҷониби соҳибкорон ба нақша гирифта шуда, аллакай чанде аз ин иншоот мавриди баҳрабардорӣ ва истифода қарор гирифтааст. Минҷумла, аз ҷониби шахсони алоҳидаи ноҳия таъсис ва бунёд намудани клиникаи шахсӣ, бунгоҳи тиббӣ, корхонаҳои истеҳсоли шағал, асфалт, консерва, орд, мебел, дару тирезаҳои пластикӣ, шифербарорӣ, гилембофӣ, коркарди шир ва пилла, заводи шиша, равған ва хишт, нуқтаи бордоркунии сунъӣ ва клиникаи байторӣ аз тарҳҳои калидиест, ки барои рушди иқтисодии ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Саъдулло Бекназарзода зимни суҳбат гуфт, ки тарҳи сохтмони корхонаҳои гуногунро дар солҳои минбаъда дар ноҳияи Қубодиён боз ҳам афзуда, бо ин роҳ мушкилоти иҷтимоии мардумро батадриҷ аз байн хоҳад рафт.
Духтарон ихтиёран ба хизмат мераванд
Як гурӯҳ духтарон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, зимни муроҷиат ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, хостори хидмат дар Артиши кишвар шудаанд. Ин даъват дафъатан идеяи дигарро дар зеҳнҳо равшан кард, ки шояд даъвати занҳо ба артиш битавонад аз сарпечии мардҳо аз хизмати аскарӣ ҷилавгирӣ кунад. Пешниҳоди ҷалби занҳо ба сафи неруҳои низомиро гурӯҳи духтарон 5 август дар нишасти фаъолони ноҳияи Қубодиён пешниҳод карданд. Дилноза Каримова, сокини 18-солаи деҳоти «20-солагии Истиқлол»-и ноҳия дар ин ҷаласа гуфтааст, ки бо нуҳ дугонааш машварат намуд, ки агар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ин иқдом пуштибонӣ намояд, онҳо бо ҷавонписарон хидмати Модар-Ватанро адо менамоянд. Масъулони бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Қубодиён мегӯянд, ки пешниҳоди духтарон барои хидмати сарбозӣ комилан ғайриинтизор буда, акнун ин дархост ба Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон ирсол мешавад. Тибқи қонунҳои Тоҷикистон занҳо, ба истиснои онҳое, ки фаъолияташон ба соҳаи низомӣ марбут аст, аз хизмати аскарӣ озоданд.
Саъдулло Бекназарзода, аз ташаббуси гурӯҳи духтарон истиқбол кард, аммо гуфт, ки онҳоро на барои сарбозӣ, балки барои кумакрасонӣ ба сарбозон ба қисмҳои низомӣ даъват кардан мумкин аст. Раис мегӯяд, ки даҳ нафар духтареро, ки бо чунин таклиф муроҷиат кардаанд, нахуст ба давраҳои якмоҳаи омӯзишӣ ҷалб хоҳанд кард, то дар сурати сафарбар шудан ба қисмҳои низомӣ соҳиби шуғле бошанд.
Ба андешаи Саъдулло Бекназарзода, сафарбаршавии духтарон ба артиш метавонад омили ҷилавгирӣ аз сарпечии ҷавонон барои хидмат дар сафи неруҳои мусаллаҳ шавад.
60 ятим зери қаноти 60 нафар доро
Таклифи ба хизмат рафтани ҷавондухтарони қубодиёнӣ дар мавридест, ки дар ноҳия сарпарастии 60 кӯдаки ятимро бо ибтикор ва дастгирии раиси ноҳия ба 60 нафар аз шумори мансабдорон, соҳибкорон ва афроди доро супурдаанд.
Марҷонаи 14-сола, ки ҳанӯз дар хурдсолӣ аз волидайн маҳрум шуда, дар оилаи наздикони падараш зиндагӣ мекунад, аз меҳрубонии марди ношинос, ки ӯро ба бозор бурда, барояш сару либоси нав харид, ҳайрон ва хурсанд шуд. Хешонаш ба ӯ гуфтанд, ки ин мард раиси ноҳия Саъдулло Бекназарзода аст ва саробонии ӯро шахсан бар дӯш гирифтааст. Худи Марҷона мегӯяд: «Бо раиси ноҳия, ки маро ҳамчун фарзанди худаш меҳрубонӣ мекунад, ба бозор рафта, курта, пойафзол, рӯймол ва боз либосҳои мактабӣ харидем».
С. Бекназарзода мегӯяд, ин 60 кӯдак то хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ аз сарпарастони худ кумаки молӣ мегиранд, ҳатто дар вақти ба донишгоҳ дохил шудан ва арӯсиашон низ аз дастгирии онҳо бархӯрдор хоҳанд буд. Ба гуфтаи раиси ноҳия: «Ҳамин мавзӯъро дар ҷаласа баррасӣ кардем, ки мардум хуш пазируфтанд. Ин кӯдаконро, ки меҳри падару модарро надидаанд, мисли фарзандони худамон нигоҳ карда, барояшон сарулибоси хуб мехарем ва барои меҳмонӣ ба хона оварда, аз онҳо тез-тез хабар мегирем. Шахсан тасмим гирифтам, ки аз ин баъд нисфи ҳақмуздамро ба Марҷона мебахшам. Марҷона акнун фарзанди хонаводаи мост».
Малоҳат Назарова — як нафар сокини ноҳияи Қубодиён гуфт, ки ҳарчанд раиси ноҳия дар қарори имзокардааш барои он нафароне, ки парастории кӯдакони ятимро бар уҳда мегиранд, имтиёзе ваъда надодааст, вале онҳо парастории кӯдакони ятимро кори савоб медонанд. Малоҳат Назарова гуфт, ки худи ӯ парастории Оятулло Тағоймуродов — як кӯдаки ятимро ба уҳда гирифтааст.
Бояд гуфт, ки Қубодиён аз аввалин ноҳияҳои Тоҷикистон аст, ки мансабдорону соҳибкорон ва афроди доро бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сарпарастии кӯдакони ятими минтақаро ба дӯш гирифтаанд.
Чопи «Тахти Қубод» бо теъдоди 5200 нусха
Саҳми раиси ноҳия махсус барои таъмини амнияти иттилоотӣ бениҳоят бузург аст. Бо дастгирии Саъдулло Бекназарзода моҳномаи «Шараф» ба ҳафтанома табдил ёфт ва «Тахти Қубод» ном гирифт. «Тахти Қубод»-нашрияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён акнун дар формати А2 бо теъдоди 5200 нусха нашр мегардад. Рӯзнома аз ҷиҳати молиявӣ низ танқисӣ надорад, дорои мошини махсуси хизматӣ буда, кормандони эҷодии он бо маоши хуб таъминанд. Нашрия дар байни аҳолии ноҳия обрӯю нуфуз ва мақому шуҳрати вежаро сазовор аст. Ин аст, ки рӯз то рӯз сафи хонандагони «Тахти Қубод» меафзояд.
Ба таъкиди Адолат Сайфуллоева-сармуҳаррири нашрияи «Тахти Қубод» дастгирию ғамхории раиси ноҳия имкон додааст, ки нуфузу обрӯи рӯзнома дар ноҳия нисбат ба солҳои пешин биафзояд. Ҳар як маводи танқидие, ки дар саҳифаи рӯзнома чоп мешавад, ҳатман мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад. Бо пешниҳоди раиси ноҳия барои ислоҳи камбудӣ ва нуқсонҳои дар нашрия дарҷшуда, аз ҳисоби ашхоси масъули салоҳиятнок комиссияи дахлдор таъсис дода мешавад.
Дар боби паҳн намудани рӯзнома ва то ба дасти хонандагон расонидани он низ таҷрибаи хуб ҳосил гардидааст. Баробари истифодаи хизмати почта, ҳамчунин тавассути мошинаи хизматие, ки рӯзнома дар ихтиёр дорад, «Тахти Қубод» мунтазам ба хонандагон дастрас мешавад. Бо зиёд шудани теъдоди обуначиён шароити молиявии рӯзнома низ беҳтар хоҳад шуд.
Ногуфта намонад, ки мавҷудияти маблағ имкон дод, ки «Тахти Қубод» соҳиби дастгоҳи чопи замонавӣ шуда, бо бинои нав таъмин гардад. Таъсиси матбааи нав дар ноҳияи Қубодиён имкон медиҳад, ки оянда баробари нашри «Тахти Қубод» ҳамчунин чопи нашрияҳои ноҳияҳои Шаҳритуз ва Носири Хусрав низ дар ин ҷо ба роҳ монда шавад.
Шаҳрзоди МУҲАММАДАМИН, журналист