Аз нишастҳои матбуотӣ

Таъсиси беш аз се ҳазор ҷойи нави корӣ

№21 (4761) 14.02.2024

2Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода нуҳуми феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли 2023 барои сокинони шаҳр 3256 ҷойи нави кори мавсимӣ, муваққатӣ ва доимӣ ташкил гардид. 

Давоми сол корхонаҳои саноатии шаҳр якҷо бо бахши хусусӣ ба маблағи 386,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд.

Бо мақсади рушди соҳаи саноат ва таъсиси бештари ҷойҳои нави корӣ соли 2023 бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳр коргоҳу корхонаҳои хурди саноатӣ ба истифода дода шуд, ки дар онҳо 94 номгӯи маҳсулот истеҳсол мегардад.

Раиси шаҳр афзуд, ки соли 2023 бунёди корхонаи истеҳсоли ҳавотозакунакҳои бодӣ ва равғанӣ барои автомобилҳо аз ҷониби ҶДММ «Тоҷик алмос» ба истифода дода шуд, ки дар он 17 нафар сокинони маҳаллӣ, аз ҷумла 14 нафар занони хонашин ба кор ҷалб гардиданд.

Иҷрои нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои маҳаллӣ бошад, 108,1 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 136 миллиону 204 ҳазору 170 сомонӣ маблағ ворид шуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба 1 миллиарду 68 миллион сомонӣ расонда шуд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»