Аз нишастҳои матбуотӣ

Омӯзгорони омодагии дифои ҳарбӣ намерасанд

№21 (4761) 14.02.2024

4Зимни нишасти матбуотии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори он Муҳаммадтоир Саидзода изҳор намуд, ки ҳоло дар мамлакат 4906 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, соли 2023 барои муайян намудани сифати таҳсилот 905 муассисаи таълимӣ мавриди санҷиш қарор гирифт. Дар натиҷа, якчанд камбудӣ, аз ҷумла ба меъёрҳои муқарраргардида ҷавобгӯ набудани сатҳу сифати дониши хонандагон ва дуруст роҳандозӣ нашудани таълиму тарбия дар баъзе муассисаҳои таълимӣ ошкор гардиданд. Яке аз сабабҳои ин камбудиҳо воқеъбинона набудани фаъолияти гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, аз меъёр баланд баҳогузорӣ кардани сатҳи дониш арзёбӣ гардид.

М. Саидзода ба саволи хабарнигори рӯзнома дар хусуси таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзгорони фанни омодагии дифои ҳарбӣ ва таҷҳизот чунин посух дод:

- Дар ин самт вазъият нигаронкунанда аст. Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ омӯзгорони фанни омодагии дифои ҳарбӣ намерасанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки муассисаҳо барои бартараф намудани мушкил омӯзгорони ғайриихтисосро ҷалб менамоянд, ки ин роҳи ҳалли масъала нест. Ин масъала зери назорати доимӣ қарор дорад ва ҷиҳати ҳалли он пешниҳодҳои худро ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ аллакай ирсол намудаем.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»