Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод зимни нишасти матбуотӣ 9 феврал ба суоли хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» бобати дар болои заҳкашҳо бунёд шудани ҳар гуна иншоот чунин посух дод:
- Дар ҳақиқат, агар ба таърих назар андозем, азхудкунии водии Вахш барои мардум чӣ гуна заҳматҳоро пеш оварда буд. Яке аз корҳои бузурги анҷомдода ин кандани заҳбуру заҳкашҳо буд. Бунёди иншоот дар болои заҳкашҳо аз нигоҳи меъморӣ ва заминдорӣ дуруст нест. Агар ин кор идома ёбад, на танҳо шаҳри Бохтар, балки минтақа мумкин аст, ки ба ботлоқ табдил ёбад. Мо перомуни ин масъала ҳатман корбарӣ мекунем. Абдулмаҷид Муминзод суоли хабарнигори рӯзномаро муҳиму саривақтӣ дониста, ба масъулон супориш дод, ки ҳатман сари ин масъала чораандешӣ намоянд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»