- Дар дили кӯҳсори Варзоб он мавзеъҳое ҳастанд, ки яке аз дигаре зеботаранду обҳои ширину шифобахш доранд. Мавзеъҳои «Хоҷа Обигарм», «Хоҷа Сангхок», «Зиддеҳ», «Шаршараи Фанфароқ», «Лучоб», «Ҷирино», «Харангон», «Деҳмалик» ва Маҷмааи комплексии лижаронии «Сафеддара» аз ҷумлаи онҳо мебошанд, ки обҳояшон аз қаъри замин берун омада, табиатан шифобахшу дар таркибашон маъдан доранд,- изҳор намуд раиси ноҳияи Варзоб Хусрав Даминзода зимни нишасти матбуотӣ 9 феврал.
Тибқи иттилои раиси ноҳия ҳоло дар ноҳия 25 ёдгории таърихӣ мавҷуд буда, аз он 17 номгӯй ёдгориҳои бостонӣ ва 8 ёдгории меъмории дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мебошанд, ки дар таҳияи Феҳристи давлатии ёдгориҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамчунин, дар ноҳия 1000 минтақаи истироҳатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 110 минтақаи истироҳатӣ — оммавии мавсимӣ буда, фаъолияти як қатор иншооти муҳими сайёҳӣ, ба монанди «Кохи Малика», «Ёвар», «Гулобод», «Гули майда», «Варзоб Палас» ва Маҷмааи комплексии лижаронии «Сафеддара» доимӣ мебошанд. Дар соли 2023 ба минтақаи сайёҳӣ ва туризми Варзоб 90 565 нафар сайёҳон ташриф оварданд, ки аз ин 10 509 нафар сайёҳони хориҷӣ ва 80 056 нафар сайёҳони дохилӣ мебошанд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»