Аз нишастҳои матбуотӣ

Содироти 2 448,8 млн. доллар маҳсулот

№21 (4761) 14.02.2024

89-уми феврал дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

 Директори агентӣ Баҳриддин Сироҷиддин­зода изҳор дошт, ки ҷиҳати дарёфти бозорҳои нави содиротӣ ва афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ намунаҳо ва таснифоти сифатии маҳсулоти ба содирот нигарондашудаи истеҳсолкунандагони ватанӣ, аз қабили обҳои ошомиданӣ, шарбатҳои табиӣ, асал, ҳасиб, меваю сабзавоти барвақтии тару тоза, хушкмеваю мағзҳо, маводи ғизоии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулоти тайёри нассоҷӣ ва ғайраро ба кишварҳои Арабистони Саудӣ, Покистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Маҷористон ва Ҷумҳурии Беларус ирсол намуда, баъд аз дастрас намудани хулосаҳои мусбати комиссияҳои баҳодиҳии сифати маҳсулоти озуқавории ин кишварҳо содироти маҳсулоти зикргардида ба роҳ монда мешавад.

Тазаккур дода шуд, ки соли гузашта ба ­маблағи 2 448,8 млн. доллар маҳсулоти ватанӣ содирот гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2022-юм 14,3 дарсад зиёд аст.

Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,

«Садои мардум»