Муовини раиси ноҳияи Вахш Муҳаммадӣ Шарифзода 8-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва соҳибкорони маҳаллӣ соли 2023 дар ноҳияи Вахш корхонаи нассоҷӣ бо арзиши 5 миллион доллар, корхонаи коркарди шир ба маблағи 271 ҳазор доллар, сардхона, коргоҳи коркарди меваи хушк бо харҷи 214 ҳазор доллар сохта ба истифода дода шудааст.
Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин корхонаҳо 500 ҷои кори доимӣ муҳайё гардид.
Зикр шуд, ки соли гузашта хобгоҳи писаронаи Коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш ба маблағи беш аз 3 миллион сомонӣ, мактаб-интернат ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳоти «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо харҷи 8 миллион сомонӣ сохта мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Инчунин, дар ноҳия бунёди коллеҷи аграрӣ идома дорад, ки маблағи он 49 миллиону 912 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»