- Соли сипаригардида ҶСК «Азот»-и шаҳри Левакант ба маблағи зиёда аз 154 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст. Аз ҷумла, карбамид 33 ҳазору 332 тонна, аммиак — 22 , углекислота 47 тонна ва кислород 5046 м3, — гуфт иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант Мастура Муминзода 8 феврал зимни нишасти матбуотӣ.
Номбурда афзуд, ки айни замон дар корхонаи мазкур зиёда аз 1000 нафар коргар ҷалб гардидааст, ки музди меҳнати миёнаи кормандон 1250 сомониро ташкил медиҳад.
Зикр гардид, ки корхонаҳои саноатии шаҳр дар соли 2023 ба маблағи 435 миллиону 556 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 181,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»