Зиндагии бомасъулиятона

№22 (4762) 16.02.2024

- ҳадафи асосии эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ»

Statue of justiceПаёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди сиёсию иқтисодии кишвар ва дурнамои он аҳамияти махсус доранд. Дар онҳо тамоми паҳлуҳои иҷтимоӣ, иқтисодии кишвар мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор мегиранд.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28-уми декаб­ри соли 2023 ироа гардид, диққати асосии Пешвои миллат ба самти такмил ва рушди донишу маърифати ҳуқуқӣ равона шуда буд. Маҳз ба ҳамин хотир ва ба шарофати 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид.

Ҳадафи асосии сиёсати ҳуқуқии кишвар қарор гирифтани масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар робита ба расидан ба мақсадҳо ва вазифаҳои давлати ҳуқуқбунёд, аз ҷумла баҳри дар амал татбиқ намудани арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд, аз қабили волоияти ҳуқуқ ва қонун ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз 9 апрели соли 1997 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», худи ҳамон сол ҷиҳати дар амал татбиқ намудани фармони мазкур Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» ва бори дуюм Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 апрели соли 2009 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019»-ро қабул намуд. Мақсад аз ин тадбирҳо баланд бардоштани сатҳи маърифату донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини фаъолнокии сиёсии аҳолии ҷумҳурӣ иборат буда, расидан ба ҳадафҳои мазкур, аз қабили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, бахусус, наврасону ҷавонон, инчунин, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ, новобаста аз шакли моликият, кормандони мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, истифодаи самараноки воситаҳои ахбори омма ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар раванди таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, ҷалби шаҳрвандон ба корҳои ҳуқуқӣ, тарғиби ғояҳои ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ, мусоидат ба аҳолӣ бобати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ба даст овардани маълумоти дақиқ ва мушаххас дар бораи ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои аҳолӣ, мукаммал намудани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бо назардошти анъанаҳои миллӣ, ба таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ фаро гирифтани тамоми гурӯҳҳои аҳолӣ бо назардошти синну сол, касб ва дигар хусусиятҳо дар заминаи нақшаҳои дарозмуддати чорабиниҳои ҳуқуқӣ коркард ва тат­биқи шаклҳои нави таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мас­ъа­лаи баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро меҳвари асосии сиёсати ҳуқуқии худ қарор додааст, 27-уми ноябри соли 2019 таҳти №599 бори сеюм «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030»-ро қабул ва мавриди амал қарор дод.

Зери мафҳуми «маърифати ҳуқуқӣ» маҷмӯи донишҳое, ки атрофи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва қарору санадҳои ҳуқуқии аз ҷониби давлат қабулгардида ва ғайра баҳс мекунанд, фаҳмида мешавад ва ҳамаи он ҷиҳати ба танзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ нигаронда шудааст.

Аз ин иқдом баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстию ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмию техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ мавриди назар аст. Аз ҷумла, ба олимони ҷомеашинос ва зиёиёни эҷодкор тавсия дода шудааст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон баҳри ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик, рисолати шаҳрвандию миллии худро ба таври шоиста иҷро намоянд. Дар ин ҳуҷҷати муҳими таърихӣ эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои бостонию фарҳангӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ ва худогоҳию хештаншиносии мардум, хусусан наврасону ҷавонон, таъкид шудааст.

Мавриди зикр аст, ки баланд бардош­тани сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маҳсуб меёбад, ки он дар банди «г» моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст. Маърифати ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон, шаклу усулҳои ҳимояи онҳо аз ҷониби Ваколатдор дар соҳаи иттилоот, таҳсилот ва тарбия амалӣ мегардад ва мақсадҳои пешгирии поймол гардидани онҳо, ташаккули демократии ҷаҳонбинии ҷомеа ва дарки ҳуқуқии шаҳрвандиро дар назар дорад. Дар боби 3 ва банди 2 афзалиятҳои асосии «Стратегияи фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2021-2025» омадааст, ки мусоидат ба баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон яке аз самтҳои афзалиятноки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба шумор меравад.

Ҳамин тариқ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати муҳими стратегӣ буда, татбиқи амалию пурраи он ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаҳои ҷумҳурӣ, беҳтар шудани сифати зиндагии сокинон, дониш, ҷаҳонбинӣ ва маърифати онҳо мусоидат менамояд.

Муҳаммад САЛОҲИДДИНЗОДА,

корманди мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон