Аз нишастҳои матбуотӣ

Воридоти сармояи хориҷӣ 26,1 фоиз афзудааст

№22 (4762) 16.02.2024

513-уми феврал дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Раиси кумита Султон Раҳимзода изҳор дошт, ки соли 2023 воридоти сармояи хориҷӣ ба ҷумҳурӣ 2,7 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дода, афзоиши он нисбат ба соли 2022-юм 113,6 млн. доллар буда, аз ҳисоби зиёдшавии дигар сармоя ба андозаи 26, 1 дарсад ё ба маблағи 510, 8 миллион доллар ташаккул ёфтааст.

Ҳамчунин, маълум гардид, ки дар соли 2023 барои бунёди 4 корхонаи бузурги саноатию хизматрасонӣ ба маблағи 1,4 миллиард сомонӣ бо сармоягузорони хориҷию ватанӣ созишномаҳои сармоягузорӣ ба имзо расонда шуда, корбарӣ барои воридоти сармоя ва оғози лоиҳаҳо идома дорад. Инчунин, дар ин давра маҷмӯи лоиҳаи сармоягузории давлатии амалкунанда дар ҷумҳурӣ аз 85 адад (51 қарз ва грант) иборат мебошад, ки маблағи умумии онҳо 49,3 млрд. сомонӣ (4,5 млрд. доллар)-ро ташкил медиҳад.

 - Дар таркиби маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда маб­лағҳои грантӣ 32,9 млрд. сомонӣ (3,0 млрд. доллар) ё 67,1 дарсад, маблағҳои қарзӣ 15,0 млрд. сомонӣ (1,37 млрд. доллар) ё 29,7, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,34 млрд. сомонӣ (122,0 млн. доллар) ё 2,6 ва дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла саҳми корхонаҳои давлатии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо (бенефитсиарҳо) ва ғайра 62,9 млн. сомонӣ (5,7 млн. доллар) ё 0,1 дарсадро ташкил медиҳад. Дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда аз оғози татбиқ 25,8 млрд. сомонӣ (2,35 млрд. доллар) маблағҳо аз худ гардидааст, — зикр намуд раиси кумита.

Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,

«Садои мардум»