Ҷашнро сазовор истиқбол мегиранд

№114-115 (3260-3261) 03.10.2014

Қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи омилҳоест, ки ба пешрафти сиёсию фарҳангӣ, миллию иҷтимоӣ ва маънавии халқамон мусоидат кард. Дар робита ба ин, сарвари матлуботчиёни вилояти Суғд Яъқубҷон Игамбердиев зимни суҳбат бо хабарнигорамон чунин иброз дошт:

-Дар таърихи 23-солаи соҳибистиқлолӣ ва 20 соли арзи вуҷуд кардани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи мо дар тамоми ҷабҳаҳои давлату давлатдорӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, бунёди заминаҳои ҳуқуқӣ барои Тоҷикистони имрӯза ба дастовардҳои зиёд ноил гашт.

Дар самтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ низ тағйироти куллӣ ба амал омаданд, аз ҷумла дар Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд тағйирот зиёд аст.

Ман нишондодҳои омории солҳои пешинро варақгардон карда, бо дастовардҳои имрӯза муқоиса менамоям. Фарқият ба қавли мардум: «аз замин то осмон» аст.

Соли 1995 дар соҳаи мо, дар вилояти ҳамонвақтаи Ленинобод, аз ҷумла муомилоти моли чакана 1213,3 ҳазор сомонӣ, хӯроки умумӣ 96,3 ҳазор сомонӣ, маҳсулоттайёркунӣ 448,4 ҳазор сомонӣ, истеҳсоли молҳои ниёзи мардум 514,0 ҳазор сомониро ташкил медод.

Ин нишондиҳандаҳоро бо соли 2013 муқоиса мекунам. Дар ин давра муомилоти моли чакана ба 68597,1 ҳазор сомонӣ, хӯроки умумӣ 17801,7 ҳазор сомонӣ, маҳсулоттайёркунӣ 52366,0 ҳазор сомонӣ ва истеҳсоли молҳои мавриди ниёзи мардум  ба 10179,0 ҳазор сомонӣ баробар шуд.

Конститутсияро мардуми кишварамон бо ифтихор ва сарфарозӣ «Бахтномаи миллат», «Раҳнамои халқ», «Китоби ҳуқуқу озодиҳои инсон» ва «Қутбнамои давлат» меноманд, ки сазовор аст. Аз ин рӯ, мо — матлуботчиён ҳам барои сазовор пешвоз гирифтани 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷуҳурии Тоҷикистон нақша-чорабиниҳои мушаххас мураттаб дода, дар асоси он кор бурда истодаем. Дастовардҳоямон барои сазовор пешвоз гирифтани ин санаи муборак тӯли нимсолаи аввали соли 2014 назаррас аст. Нақшаҳои пешбинигардида ва буҷети барои нимсолаи аввали соли 2014 қабулшударо пурраю барзиёд иҷро кардем. Натиҷаи тадбирҳои андешидашуда буд, ки муомилоти моли чакана ба 24,5 миллион сомонӣ расид, Ин баробари 100,8 фоизи нақшаи пешбинигардида мебошад. Дар соҳаи саноати кооперативӣ дар ин давра ба маблағи 4,6 миллион сомонӣ маҳсулоти мавриди ниёзи мардум истеҳсол гардид, ки баробар ба 100,6 фоизи нақша аст.

Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд бо мақсади гирифтани пеши роҳи болоравии нархҳо дар бозорҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз санаи якуми июли соли 2014 намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, алалхусус гӯшт, пиёз, сабзӣ ва картошкаро ташкил намуда, ба аҳолии шаҳру деҳот хизмат расонида истодааст ва ин масъала зери назорати доимӣ қарор дорад. Бо ин мақсад аз навоҳии вилояти Хатлон маҳсулоти кишоварзии барвақтӣ, аз ҷумла 1665,8 тонна пиёз, 21,2 тонна карам, 11,7 тонна помидор, 22,1 тонна бодиринг, 86,9 тонна картошка, 12,3 тонна тарбуз ворид ва дастраси аҳолии вилоят гардид. Дар ин муддат тавассути ташкили ярмаркаҳо ба аҳолӣ зиёда аз 140,6 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 560 ҳазор сомонӣ  фурӯхта шуд.

Бино ба гуфтаи Яъқубҷон Игамбердиев, муомилоти соҳаи маҳсулоттайёркунӣ дар нимсолаи аввали соли 2014 ба 19,5 миллион сомонӣ расонида шуд, ки ин баробари 107,4 фоизи нақшаи муқарраргардида мебошад.

-Матлуботчиёни вилояти Суғд азм кардаанд, ки баҳри сазовор истиқбол гирифтани 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои пешбинигардидаро пурраю барзиёд ба иҷро расонида, сифати хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар намоянд, — таъкид дошт дар поёни суҳбат Я. Игамбердиев.

Таҳияи Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»