Забони тоҷикӣ, ки асолати беш аз ҳазорсолаҳо дошта, бо хат, забон ва адабиёти ғании худ ҷаҳоншумул гардидааст, дар роҳи таҳкими тамаддуни инсонӣ ва афкори инсонгароии башарӣ саҳми босазое дорад.
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наздикӣ дар Муассисаи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ таҳти унвони «Забони давлатӣ ва рушди истилоҳот» доир гардид. Дар кори конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Бояд тазаккур дод, ки бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сеюм аст, ки роҷеъ ба масъалаи истилоҳоти соҳавӣ конференсияи илмӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология Гавҳар Шарофзода оғоз намуд. Сипас, мушовири калони Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Мансур Сайфуддинов зимни суханронии худ иштирокдорони конференсияро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрик намуд.
Дар конференсия 14 маърӯзаи илмӣ аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забон ва истилоҳшиносӣ, илмҳои тиб, иқтисодӣ, техника, нуҷум, истилоҳоти байналмилалӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт. «Танзим ва ташхиси истилоҳот дар мисоли як намуна аз вожаи форсӣ-тоҷикӣ» (узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илми филология, профессор Додихудо Саймиддинов), «Назаре ба усулҳои истилоҳсозии забони тоҷикӣ» (доктори илми филология, профессор Сайфиддин Назарзода), «Танзим ва ҳамгунсозии истилоҳоти анатомӣ дар забони тоҷикӣ» (номзади илмҳои филология, дотсент Абдулло Юсуфов), «Мушкилоти истилоҳоти забоншиносӣ» (номзади илми филология, дотсент Сулаймон Анварӣ) , «Монеаҳо дар роҳи эҳёи истилоҳот ва истилоҳотофаринӣ» (профессор Шаҳбоз Кабиров), «Мавқеи истилоҳоти дипломатӣ дар забони тоҷикӣ» (доктори илми филология Ҳалимҷон Саидов), «Мавқеи истилоҳоти байналмилалӣ дар осори Фарзона» (устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Гулбаҳор Шералишоева) аз ҷумлаи маърӯзаҳо буданд.
Дар анҷоми кори конференсия натиҷаи озмуни «Мақолаи беҳтарин», ки аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда буд, ҷамъбаст гардид. Ғолибони озмун доктори илмҳои филология Додихудо Саймиддинов – ҷойи якум, доктори илмҳои филология Назрӣ Офаридаев – ҷойи дувум ва устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Озода Кенҷаева ҷойи сеюмро сазовор гашта, бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
Фароҳамсоз Т. Фаррухпай, «Садои мардум»