Нуздаҳуми феврали соли 2024 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод ҷаласа баргузор гардид.
Дар ҷаласа 10 масъала, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ», пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани ризоият барои таъйин ва озод намудани муовини якум ва муовинони прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2023, №380 «Оид ба ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022» ва ҳисоботи навбатии прокурори генералӣ дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар соли 2023 ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз натиҷаашон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар ҷаласа аъзои кумита, кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ