Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Қонуни авфи дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандон як соли дигар тамдид шуд

№23 (4763) 19.02.2024

Нуздаҳуми феврали соли 2024 таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИСИКУНАНДА: — Вакилони арҷманд!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 53 вакил ҳузур доранд.

Имкон шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем.

Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Мутобиқи моддаи 34-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласаи имрӯза Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

РАИСИКУНАНДА: — Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба рӯзномаи ҷаласа чор масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст.

Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.

Хоҳишмандам, нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия интихоб намудани Дӯстмуродзода С.»

2. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба ҳайати Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Дӯстмуродзода С.»

3. Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳавас­мандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИСИКУНАНДА: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия интихоб намудани Дӯстмуродзода С.» оғоз менамоем. Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иқтисод ва молия интихоб намудани Дӯстмуродзода С.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИСИКУНАНДА: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба ҳайати Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Дӯстмуродзода С.» шурӯъ мекунем. Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба ҳайати Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Дӯстмуродзода С.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИСИКУНАНДА: - Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ» оғоз менамоем. Сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода дода мешавад. Марҳамат.

Султон РАҲИМЗОДА:- Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ аз дастгириҳои доимии парлумони кишвар дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дар ин замина ҷалби бештари сармоя ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт сипосгузор аст.

Бо эҳтиром иттилоъ медиҳам, ки 24-уми декабри соли 2022 дар доираи ҷаласаи 3-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоя­гузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба имзо расид.

Тибқи муқаррароти банди 1 моддаи 24 созишномаи байниҳукуматии мазкур, ҷонибҳо барои эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани он расмиёти дохилидавлатии санадро мегузаронанд.

Созишномаи мазкур бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Созишнома ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоя­гузориҳо, фароҳам овардани шароити мусоид ва имконият барои ҷалби сармоягузориҳои дуҷониба ва ҳуқуқҳои сармоягузорони ҳар ду давлатро, тибқи тартиби муқарраргардида, танзим менамояд. Мувофиқи созишномаи мазкур, ҷонибҳо ба сармоягузории якдигар муносибати одилона ва баробарҳуқуқӣ, инчунин, содагардонии расмиёти раводид барои сармоягузоронро фароҳам меоранд.

Дар маҷмӯъ, бо назардошти ҷалби бештари сармоягузории мустақим ба иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан бо истифода аз имкониятиҳои молиявии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, танзими масъалаҳои ҳамкориҳои сармоягузорӣ тавассути созишномаи зикршуда муҳим арзёбӣ мегардад.

Созишномаи мазкур аз 24 модда иборат буда, дар моддаи 7 он, ки яке аз муқаррароти асосии ин санад, яъне ҳифзи сармоягузорон ба ҳисоб меравад, ҷонибҳо муносибати одилона ва баробарҳуқуқӣ, ҳифзи пурраи ҷисмонӣ ва амниятӣ, шаффофият ва адолати судиро кафолат медиҳанд.

Мутобиқи моддаи 9 ҷонибҳо ба сармоягузорони якдигар барои будубош дар макони фаъолият расмиёти вуруд, раводид ва иқомати муваққатӣ ё доимиро сода мекунанд.

Дар моддаи 10 масъалаи экспроприатсия ё милликунонӣ пешбинӣ шудааст, ки тибқи он ҳеҷ як тараф сармояи сармоягузорони якдигарро экспроприатсия ё миллӣ намекунанд ё ягон чорае, ки натиҷааш ба он оварда мерасонад, анҷом намедиҳанд.

Тибқи моддаи 12, ҷонибҳо барои интиқолҳои марбут ба сармояи сармоягузорони ҷониби якдигар озодона ва бидуни таъхир кафолат медиҳанд.

Моддаҳои 13 ва 14 ба масъалаи ҳалли баҳсҳо равона гардида, тибқи таҷрибаи байналмилалӣ, ҳалли баҳсҳо байни ҷонибҳои аҳдкунанда ва сармоягузор бо давлат танзим мегардад.

Тибқи моддаи 18, ҷонибҳо барои баррасии ҳама гуна масъалаҳои сармоягузорӣ ва ташкили фаъолияти муштараки сармоягузорӣ гурӯҳи кории сармоягузориро таъсис медиҳанд.

Мутобиқи моддаи 19, тарафҳо бо мақсади ҳифзи минбаъда ва пешбурди сармоягузориҳо давоми ҳар панҷ сол барои таҷдиди назар намудани созишномаи мазкур бо ҳамдигар машварат менамоянд.

Бинобар ин, аз шумо — вакилони гиромӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: - Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ғиёсиддин Ашӯрзода дода мешавад. Марҳамат.

Ғиёсиддин АШӮРЗОДА: — Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ 24-уми декабри соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Созишномаи мазкур фароҳам овардани шароити мусоид ва имкониятҳо барои ҷалби сармоягузориҳои мутақобила ва фаъолияти сармоягузории сармоягузорони ҳар ду давлатро дар ҳудуди якдигар танзим менамояд.

Мувофиқи созишномаи мазкур ҳар як тарафи аҳдкунанда дар ҳудуди худ ба сармоягузориҳои тарафи дигари аҳдкунанда муносибати одилона, баробарҳуқуқӣ, ҳифзи пурра ва амнияти онҳоро фароҳам меоварад.

Дар маҷмӯъ, созишномаи пешниҳодгардида танзимкунандаи масъалаҳои марбут ба пешбурди сармоягузорӣ, шароити мусоиди миллӣ, уҳдадориҳои созишномаҳои бисёрҷониба, ҳифзи сармоягузорӣ, милликунонӣ, ҳалли баҳсҳо, ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ, гурӯҳи кории сармоягузорӣ ва ғайра мебошад.

Созишномаи мазкур бо тартиби муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Хоҳиш менамоям, ки барои тасдиқи он овоз диҳед.

РАИСИКУНАНДА: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИСИКУНАНДА: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дода мешавад. Марҳамат.

Фирдавс ТОЛИБЗОДА: - Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо мақсади тамдид намудани муҳлати қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо таҳия гардидааст, пешниҳод мешавад.

Муҳлати қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 2-юми июли соли 2021 қабул шуда буд, бо назардошти тағйиру иловаҳои дар солҳои 2022 ва 2023 ба қонуни мазкур воридшуда 30 моҳ аз лаҳзаи мавриди амал қарор гирифтани қонун муқаррар гардида, ин муҳлат 5-уми январи соли 2024 ба итмом расид.

Дар марҳилаи аввали татбиқи қонуни мазкур (солҳои 2021-2022) бинобар пурра дарк нашудани шарту талаботи қонунигардонӣ аз тарафи аҳолӣ ва сари вақт дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъсис наёфтани комиссияҳои қонунигардонии дороиҳо, раванди қонунигардонии дороиҳо ва маб­лағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоннок набуд. Дар марҳилаи дуюм (солҳои 2022-2023), ки бо тамдиди муҳлати амали қонун ба як соли дигар оғоз ёфта буд, раванди қонунигардонӣ туфайли фаъолияти тарғиботии Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои масъул вусъат пайдо карда, нишондиҳандаҳои қонунигардонии ин марҳила нисбат ба марҳилаи якум тамоюли афзоиш доштанд. Дар марҳилаи сеюм (нимаи дуюми соли 2023), ки бо тамдиди амали қонун ба муҳлати шаш моҳи дигар бинобар натиҷаҳои татбиқи мусбати он шурӯъ ёфта буд, раванди қонунигардонӣ бо нишондиҳандаҳои нисбат ба марҳилаҳои қаблӣ беҳтар идома ёфт.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар марҳилаҳои зикршудаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» на танҳо раванди қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, дигар дороиҳо, аз ҷумла молу мулки ғайриманқул, вусъат пайдо карда, ба устувории иқтисодиёти миллӣ мусоидат намуданд.

Дар маҷмӯъ, замони амали қонуни мазкур, то 5-уми январи соли 2024 маблағҳои умумии қонунигардонидашуда 5,9 миллиард        сомонӣ ва миқдори шаҳодатномаҳо 4000-ро ташкил дод. Айни замон, бо назардошти натиҷаҳои мусбати марҳилаҳои зикршудаи татбиқи қонуни мазкур, ҳавасмандӣ ва муроҷиат барои идома ёфтани ин раванд ва билохира бо мақсади боз ҳам ғанӣ гардондани иқтисодиёти миллӣ тавассути тақвияти минбаъдаи ҷалби сармоя, бахусус сармояи дохилӣ тамдиди муҳлати қонунигардонии дороиҳо ва маб­лағҳо ба як соли дигар ба мақсад мувофиқ ҳисобида мешавад.

Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйир пешбинӣ шуда, муҳлати қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо ба як соли дигар тамдид мешавад.

Оид ба ташаббуси тамдид намудани муҳлати қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо Гурӯҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маб­лағгузории терроризм ба таври расмӣ хабардор карда шудааст. Бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффорзода дода мешавад. Марҳамат.

Абдуҳалим ҒАФФОРЗОДА: - Оё тамдиди қонун барои як соли дигар қонунигардонии молу мулки ғайриманқулро низ фаро мегирад?

Фирдавс ТОЛИБЗОДА: - Бале.

РАИСИКУНАНДА: - Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комрон Исмоилиён дода мешавад. Марҳамат.

Комрон ИСМОИЛИЁН: - Дар маҳалҳо ҳангоми қонунигардонии амволи ғайриманқул шаҳрвандон баъзан ба мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Пешниҳод мекунам, ки ҳангоми татбиқи қонун онҳо ба назар гирифта шаванд.

РАИСИКУНАНДА: - Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мавлудахон Мирзозода дода мешавад. Марҳамат.

Мавлудахон МИРЗОЗОДА: — Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод шудааст. Тибқи тағйири пешниҳодгардида, муҳлати амали қонуни мазкур тамдид гардида, дар моддаи 3 қонун калимаи «сӣ» ба калимаи «чилу ду» иваз мешавад. Мақсад аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» фароҳам овардани шароити мусоид барои бозгардондани дороиҳо, маблағҳо ва ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ, таъмини шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисоди пинҳонӣ ва фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ маҳсуб мешавад.

Вакилони арҷманд, лоиҳаи қонуни мазкур тамоми расмиётро гузашта, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон онро ҷонибдорӣ намудаанд. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» овоз диҳед.

РАИСИКУНАНДА: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маб­лағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИСИКУНАНДА: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд. Доир ба рафти ҷаласа эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Барои фаъол буданатон изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ