Дар Шӯрои Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№41 (3026) 01.04.2013

DSC_0523Якуми апрели соли 2013 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар бораи тасдиқи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯро қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон М.Ватанов масъалаҳо -«Дар бораи лоиҳаи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот О.Салимзода масъала — «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», оид ба иқтисод ва молия С.Раҷабов масъала -«Дар бораи Созишномаи қарзии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба Лоиҳаи «Барномаи саводнокии касбӣ барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон», оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия А.Катаев масъалаҳо — «Дар бораи Созишномаи грантии (Амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба Лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Айнӣ- сарҳади Ӯзбекистон (CAREC коридори 6)» ва «Дар бораи Созишномаи қарзии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вобаста ба Лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Айнӣ- сарҳади Ӯзбекистон (CAREC коридори 6)», вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Шабдолов масъала- «Дар хусуси Оинномаи Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи барқароршаванда»- ро ба муҳокимаи Шӯро пешниҳод намуда, муфассал шарҳ доданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи масъалаҳои муҳокимашуда, бо дарназардошти пешниҳоду эродҳои баёнгардида, таври алоҳида қарорҳо қабул ва масъалаҳои мазкурро ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум пешниҳод намуд.

Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи навбатии рӯзнома – «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади такмилу таҳрир қабул гардид.

Бо қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои зерини рӯзнома –«Дар хусуси Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се давлат», «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи пешниҳоди мутақобилаи қитъаҳои замин барои ҷойгиронии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва Сафорати Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Шартнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Huawei Technologies Co. Ltd. » оид ба таҳвили таҷҳизот барои Лоиҳаи «Системаи автоматиконидашудаи идоракунӣ дар нақлиёт «Шаҳри бехатар» ва пешниҳоди хизматрасониҳои «Таҳти калид» барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати гузаронидани экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

Доир ба масъалаи дигари рӯзнома — «Оид ба ворид намудани илова ба Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи ҳайати намояндагии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи ҳамкории парлумонии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо» қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Мутобиқи қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум сеюми апрели соли 2013 даъват гардида, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» қабул шуд.

 

Ҷумъахон НАБОТОВ,

«Садои мардум».

Суратгир А.ИСОЕВ