Дуюми октябри соли 2014 дар бинои Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи чоруми байналмилалии китоби Душанбе баргузор гардид. Ин макони дилкушо бо шиору навиштаҷот дар васфи китоб, парчаму гулҳо зеботар гардида буд. Зери садои карнаю сурнай роҳбарону кормандони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми кишвар, нависандагон, меҳмонони хориҷӣ, ҳайати сафоратхонаҳои муқими Душанбе, рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ, аҳли илму адаб ва зиёиён ба базмгоҳ ворид шуданд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин Шодибек ҳозиринро бо ифтитоҳи Намоишгоҳи чоруми байналмилалии китоби Душанбе табрику таҳният гуфта, чунин иброз намуд:
-Тоҷикистон кишвари китоб аст. Мардуми тоҷик аз қадим ба китоб арҷгузорӣ менамуд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ эътибори китоб ва эҳтиром ба он зиёд шудааст.
Дар ҷамъомад ҳамчунин олимону адибон ва намояндагони кишварҳои хориҷӣ роҷеъ ба мақому манзалати китоб ва аҳамияти намоишгоҳи мазкур суханронӣ карданд. Сипас, лентаи рамзии намоишгоҳ бурида, ҳозирбудагон пайи ҳам ба толорҳои намоишгоҳ ворид шуданд.
-Дар ин намоишгоҳ 59 муассисаи нашрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 17 интишороти хориҷи кишвар(аз нуҳ давлати дунё) маҳсулоти чопии худро ба маърази тамошо гузоштаанд. Дар ҷараёни ин чорабинии фарҳангӣ, ки се рӯз идома меёбад, ҳамзамон суҳбату мулоқотҳо ва муаррифии 20 китоби тозанашр баргузор хоҳад гардид,- иттилоъ дод сардори бахши матбуотии намоишгоҳ Бурҳон Салмонов.
Дар намоишгоҳи навбатӣ ноширони Ҷумҳурии Исломии Эрон нисбатан фаъол буданд. Аз ин кишвари дӯсту ҳамзабон панҷ интишорот намунаи китобҳои рангорангу бо ороишоти зебо чопшударо ба маърази тамошо гузоштанд. Зимни суҳбат бо хабарнигорамон узви Шӯрои роҳбурдии Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон Муҳаммади Халаҷ андешаҳояшро мухтасар чунин баён кард:
- Дар намоишгоҳи байналмилалии китоб, ки ҳар сол дар шаҳри Теҳрон баргузор мешавад беш аз 100 кишвари дунё ширкат меварзанд. Соли оянда бори 28-ум ин намоишгоҳ доир мегардад. Мо дар намоишгоҳи Душанбе ширкат варзида, бо дӯстони тоҷикамон, ноширону адибон мубодилаи афкор мекунем. Роҷеъ ба ҳамкориҳои фарҳангӣ, бахусус дар бахши китоб ва ширкати ноширони тоҷик дар Намоишгоҳи байналмилалии Теҳрон бо вазири фарҳанги Тоҷикистон оғои Орумбекзода Шамсиддин Шодибек ҳам суҳбат доштем. Мо бо таваҷҷуҳ ба қаробати фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва забони муштаракамон метавонем дар бахши нашр ва мубодилаи китобҳо иртиботи хеле хуб дошта бошем.
Дар Намоишгоҳи байналмилалии китоби Душанбе аз шаҳру ноҳияҳои кишвар низ муассисаҳои нашриявӣ ширкат менамоянд. Намоишгоҳ то чоруми октябр идома меёбад.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ