Оғози марҳилаи нави созандагӣ дар Душанбе

№ 26.02.2024

Муаррифии лоиҳаҳои навсозии минбаъдаи пойтахт ба Пешвои миллат53547493835_f8ab07fa4a_o

23-юми феврали соли 2024 ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ лоиҳаҳои навсозӣ ва ободонии минбаъдаи як қатор кӯчаю хиёбонҳо ва маҳаллаҳои пойтахт муаррифӣ гардид.

Тавре Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, дар доираи татбиқи минбаъдаи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, тибқи лоиҳаҳои бо меъёрҳои байналмилалии шаҳрсозӣ таҳиягардида, як қатор кӯчаю хиёбонҳо ва маҳаллаҳои куҳнаи пойтахт мавриди навсозию ободонӣ қарор мегиранд. Аз ҷумла, ободонии канори чапи соҳили дарёи Душанбе дар шафати кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров аз буриши хиёбони Саъдӣ Шерозӣ то кӯчаи давродаври ҷанубӣ дар масоҳати наздики 110 гектар бо риояи меъёрҳои иншооти соҳаи маишӣ ва фароғату дилхушӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба ҳамин тартиб, хиёбони Саъдӣ Шерозӣ аз буриши хиё­бони Неъмат Қарабоев ба самти ғарб то буриши хиёбони Ҷаббор Расулов ва ду шафати кӯчаи Айнӣ то баромадгоҳи шарқии пойтахт дар масоҳати 138,1 гектар навсозию сабзкорӣ мегарданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки зимни таҳияи лоиҳаҳои навсозии маҳаллаҳои истиқоматӣ талаботи санъати баланди меъморӣ, бунёди тамоми зербинои иҷтимоӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла, мактабу шифохона, боғчаҳои кӯдакон, марказҳои хизмат­расонӣ, варзишу фароғатӣ, боғу гулгаштҳои зебо, инчунин, роҳҳои васеъ, шабакаҳои барқу равшанидиҳӣ, обу корез ва ҳамаи стандартҳои дигари шаҳрсозии муосир ба назар гирифта шаванд. Супориш дода шуд, ки биноҳои истиқоматӣ аз ҳад баланд ба нақша гирифта нашаванд.

Дастуру супоришҳои мушаххас, ҳамчунин, доир ба васеъ ва ободу зебо намудани роҳҳои кӯчаю хиёбонҳо, ободонии атрофи роҳҳо, бунёди эстакада ё худ роҳҳои бисёрқабата дар чорроҳаҳои калони сермошин дода шуд.

Таъкид гардид, ки марказҳои калони савдою хизматрасонӣ ва дигар биною иншооти зарурӣ дар ҳамаи минтақаҳои пойтахт, аз ҷумла дар канораҳои он ҳам бояд бунёд ёбанд, то ки мардум дар ҳама гӯшаҳои шаҳр ба онҳо даст­расӣ дошта бошанд ва ба ин тариқ аз тамбашавии роҳҳо дар кӯчаҳои марказӣ то андозае пешгирӣ карда шавад.

www.prezident.tj