Дар бисёр кишварҳо ба ёдгориҳои таърихӣ на танҳо чун ба мероси гузаштагон, балки чун ба инфрасохтор ё объекти сайёҳӣ низ муносибат мекунанд. Чунончи, мисриён солиёни зиёд аст, аз аҳромҳояшон, ки муҳимтарин ва бошукӯҳтарин сохтмонҳои барҷоймонда аз тамаддуни бостониашон ҳастанд ва намоди ин тамаддун низ ба шумор мераванд, ҳамчун объекти сайёҳӣ истифода менамоянд. Барои омадурафти сайёҳон ба ин мавзеъ шароити мусоид ҳам фароҳам овардаанд ва ҳамасола ҳазорон сайёҳи хориҷӣ ба дидани аҳромҳои Миср мераванд. Бостоншиносон солҳои тӯлонист дар ҳудуди аҳромҳо корҳои ҳафриётӣ анҷом медиҳанд, ки ҳар кашфиёти онҳоро Вазорати сайёҳӣ ва бостонии Миср ба хотири ҷалби сайёҳон ҳадафмандона истифода менамояд.
Агар аз интернет мамлакатҳои оламро барои сайёҳии таърихӣ- фарҳангӣ ҷустуҷӯ намоед, сомонаҳои хориҷӣ дар баробари Италия, Фаронса, ИМА, Ҳиндустон, Марокко ва чандин кишварҳои дигар Ҷумҳурии Исломии Эронро тавсия менамоянд. Аммо дар он ҷо исми Тоҷикистонро, ки тамаддунаш чун кишварҳои дигари олам таърихи тӯлонӣ дорад, пайдо карда наметавонед. Ҳарчанд 5500-солагии Саразми бостонӣ, 2500-солагии ёдгории Тахти Сангин дар доираи чорабиниҳои фарҳангии ЮНЕСКО таҷлил гардида, ба хотири муаррифии ёдгориҳои кишвар дар доираи ин созмони бонуфуз чандин корҳои дигари муҳим анҷом пазируфт, ёдгориҳои таърихиамон барои сайёҳони хориҷӣ то андозае камэътиборанд. Албатта, аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии мо ҳамасола сайёҳони хориҷӣ дидан мекунанд, аммо бояд эътироф намоем, ки шумораашон зиёд нест.
Бо мақсади таъмир ва ҷалби сайёҳон ба ин мавзеъҳо дар замони соҳибистиқлолии мамлакат корҳои зиёде сомон ёфтанд. Чанд маротиба «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ» қабул ва амалӣ гардид. Ин иқдом имкон фароҳам овард баъзе қасру марказҳои фарҳангӣ, қалъаву шаҳрҳои бостонӣ, мақбараҳои шахсиятҳои таърихиву ирфонӣ ва дигар мероси моддию маънавӣ навсозӣ шаванд. Аммо ин ҳама барои рушди туризми таърихӣ-фарҳангӣ басанда аст?
Дар ин самт корҳои бештару муҳимтареро анҷом бояд дод. Барои ба ин мақсад ноил шудан ёдгориҳо бояд бештар таъмиру навсозӣ шаванд. Дар ҳудуди ёдгориҳоямон бозёфту иттилооти чизҳои қобили таваҷҷуҳ ба сайёҳон пешкаш гардад, то ин мавзеъҳо хатсайрҳо ташкил шаванд… Вале барои анҷоми ин корҳо бисёр маврид масъулин саҳлангоранд, хоса дар навоҳии кишвар. Барои тақвияти иддаои хеш далел дорем: 7-уми декабри соли гузашта бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд, ки дар он иҷрои «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Собит шуд, ки дар самти ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ мушкилӣ кам нест. Бештари ёдгориҳо дар ноҳияҳо ҷойгиранд ва масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд барои ҳифзи онҳо масъулият эҳсос намоянд, аммо на ҳамеша чунин аст. Тавре узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ғиёсиддин Шарифзода гуфт: «Аз беаҳамиятии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо баъзан замини ёдгориҳо барои сохтмон ё замини кишт истифода мешаванд. Ҳоло Вазорати фарҳанг 3413 ёдгории таърихию фарҳангиро (ин рақам ниҳоӣ набуда, бо назардошти иловаи ёдгориҳои бостонӣ меафзояд) ба рӯйхат гирифтааст, аммо дар аксари шаҳру ноҳияҳо дар харитаҳои заминсозӣ ин ёдгориҳо ва мавзеъҳои муҳофизатии онҳо қайд нагардидаанд».
Барои иҷрои «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» бисту шаш миллиону ҳаштсаду сенздаҳ ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки пурра аз ҳисоби буҷети давлатӣ мебошад. Қисме аз маблағҳои дар барнома пешбинишуда бояд аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо пардохт шавад. Вале аз гузориши муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода маълум гашт, ки аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба ин мақсад маблағ ҷудо нашудааст.
Дар доираи барнома солҳои 2021-2023 аз ҷумла, қалъаи Бишкент дар ноҳияи Носири Хусрав, масҷиди таърихии Шоҳи Хомӯш дар ноҳияи Муъминобод, мақбараи Хоҷа Сангхок дар ноҳияи Варзоб, мақбараи Хоҷа Нақшрон 1 ва 2 дар шаҳри Турсунзода тармим гардиданд. Корҳои лоиҳакашӣ ва бостоншиносӣ дар ёдгориҳои таърихии Золи Зар, Тахти Сангин, Қалъаи Ҳулбук, чашмаҳои Кӯлоб ва Хоҷа Нақшрон анҷом ёфта, иҳотаи Қалъаи Золи Зари ноҳияи Фархор идома дорад. Дар масҷиди таърихии Дар-Дари ноҳияи Айнӣ девори кандакорӣ ва наққошии шифти айвон барқарор шуданд, ки пурра аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ (зимнан, дар доираи барнома солҳои 2021-2023 ба ин мақсад 8745,0 сомонӣ ҷудо шудааст) мебошад.
- Дар асоси банди 13-и барнома барои иҷрои сертификатсия, банақшагирӣ, тайёр ва гузоштани нишонаҳо, таҳияи шиносномаи илмии ёдгориҳо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо низ вазифадоранд. Мутаассифона, ин банд то имрӯз аз ҷониби ягон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо иҷро нагардидааст, ҳол он ки ба ин хотир масъулини Вазорати фарҳанг ба 68 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мактуб ирсол намуда буд,- гуфт сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошариф Абдусаломзода.
Амали дигаре, ки муҷиби рушди сайёҳии таърихӣ-фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ шуда метавонад, реклама ё тарғиби дурусти ёдгориҳо мебошад, ки ин вазифаи масъулини Кумитаи рушди сайёҳӣ арзёбӣ мешавад. Эътироф бояд кард, ки менеҷерҳои соҳа дар ин самт «бо ду по меланганд». Барои мисол, соли 2023 силсилаёдгориҳои таърихию фарҳангии Шоҳроҳи бузурги абрешим: долони «Зарафшон-Қароққум» қалъаҳои Ҳисорак, Гардани Ҳисор, Қум, Муғ, Тали Хамтӯда, Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммади Башоро, низоми обёрикунии Токсанкорез, шаҳраки Санҷаршоҳ, Панҷакенти қадим ба Феҳристи асосии мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шуд. Аммо ин иттилоъро ба ҷуз аз расонаҳо оё дар овезаи тарғиботии дигаре дидем?
Мисоли дигар барои тақвияти андеша: ёдгории табиию фарҳангии (эътибор диҳед — табиию фарҳангӣ) Боғи миллии Тоҷикистон ҳанӯз соли 2013 ба Феҳристи асосии мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидааст. Аммо бар иллати дуруст ва ҳадафмандона тарғиб нашудан кам касон иттилоъ доранд, ки боғ аз ҷиҳати бузургӣ дар Осиёи Марказӣ назир надорад. Масоҳати он 2,6 миллион гектар буда, 18 дарсади масоҳати умумии Тоҷикистон, 60 дарсади ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 40 дарсади минтақаҳои Лахшу Сангворро дар бар мегирад.
Бинобар ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дастур доданд: «Дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида – Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таъсис дода шавад». Тавзеҳ дода шуд, ки ҳадаф аз таъсиси чунин як сохтори махсус густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин, рушди сайёҳӣ дар ин самт мебошад.
Умед дорем, ки минбаъд масъулини соҳа, хоса дар навоҳӣ, ба ёдгориҳои таърихиву меъмориамон ҷиддӣ муносибат менамоянду кормандони Кумитаи рушди сайёҳӣ ин мавзеъҳоро дуруст тарғиб.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»