Аз нишастҳои матбуотӣ

Донишкада ба феҳристи байналмилалӣ дохил гашт

№26 (4766) 26.02.2024

DSC_9057Ректори Донишкадаи тиббӣ- иҷтимоии Тоҷикистон Заррина Ибодзода дар нишасти матбуотӣ 15 феврал иттилоъ дод, ки дар донишкада донишҷӯён аз Ҳиндустон, Покистон, Малайзия, Нигерия, Бангладеш, Афғонистон ва Ӯзбекистон таҳсил мекунанд, ки шумораашон 71 нафарро ташкил мекунанд.

Дар Озмуни XVI байналмилалии бонувони ихтироъкор, ки дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ тариқи маҷозӣ (онлайн) гузашт, омӯзгори донишкада, номзади илми тиб Мижгони Сорбон иштирок карда, барои доруи ихтироъкардааш — «Капсула аз растаниҳои шифобахши ватанӣ — мармараки мускати гиёҳи иссоп ва баргҳои гули печак» барои бемориҳои илтиҳоби гӯшу гулӯ ва бинӣ сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид.

Дар Намоишгоҳи XVI байналхалқии ихтироъкорони ҷаҳон дар Давлати Қувайт дар баробари намояндагони 65 кишвари ҷаҳон мудири кафед­раи технологияи фармасевтӣ ва фармакалогия, номзади илми биология Ҷамшед Ҷамшедов ва ассистенти кафедра С.Б. Холов иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм ва медали нуқра гардиданд.

Муҳимтар аз ҳама, Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон соли 2023 ба «Феҳристи донишгоҳҳо ва донишкадаҳои тиббии байналмилалӣ» дохил шуд.

Тилло НЕКҚАДАМОВ,

«Садои мардум»