«Эҳтироми забони модарӣ ва амиқ омӯхтани он, инчунин омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама русӣ ва англисӣ аз ҷумлаи равандҳое мебошад, ки бояд таҳти назорати доимӣ қарор дошта бошанд. Дар ҷаҳони имрӯза забондонӣ ва малакаи кор бо техникаи компютерӣ ба яке аз меъёрҳои асосии интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо мубаддал гаштааст».
Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(24 апрели соли 2010)
«Ҳар як фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш бошад. Он гоҳ мо метавонем дар тарбияи наслҳо дар рӯҳияи муҳаббат ба Модар, Ватан ва Забони миллӣ, ки аз муқаддасоти олӣ эътироф гардидаанд, муваффақ шавем».
Ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(5 октябри соли 2010)
«Забон як ҷузъи муҳим ва ҷудонопазири фарҳанги миллист. Моро дар таърих маҳз ба тавассути забон, осор ва фарҳангамон мешиносанд ва эътироф мекунанд. Аз ин рӯ, забони мо ва таърихи гузаштаи он дар ҳама давру замон мояи ифтихор ва омили асосии ҳамбастагии миллат мебошад».
Ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(5 октябри соли 2010)
«Агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву неруманд ва ҷомеаи кишварамон осудаву мутамаддин бошад, коре кунем, ки фарзандонамон босаводу донишманд бошанд, дастовардҳои навини илму техника ва технологияҳои инноватсиониро аз худ намоянд, ду забони хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисиро ба мисли забони модарӣ донанд ва ҳамқадами замон бошанд».
Бахшида ба Рӯзи дониш
(1 сентябри соли 2014)
«Дар даврони соҳибистиқлолӣ рисолати забон ба ҳайси забони давлатӣ омили муҳими ваҳдат, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва давлатдории миллӣ гардидааст.Мову шумо хуб медонем, ки ояндаи ободи Ватани азизамон аз сатҳи забондонӣ, тафаккури солиму пешрафта, маърифати баланди ҳар фарди ҷомеа, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии наслҳои имрӯзу оянда, инчунин фарогирӣ ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илми муосир, техника ва технологияҳои замонавӣ вобастагии зиёд дорад».
Ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ
(шаҳри Хуҷанд, 27 июни соли 2009)