Аз нишастҳои матбуотӣ

Омӯзгорони ҷавон соҳиби замини наздиҳавлигӣ шуданд

№26 (4766) 26.02.2024

Балчувон7-уми феврал дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон нишасти матбуотӣ доир гардид. Раиси ноҳия Бахтиёр Сафарзода иттилоъ дод, ки соли 2023 ба 16 омӯзгори ҷавон замини наздиҳавлигӣ дода шуд.

Соли 2023 нақшаи қисми даромади буҷет, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 112 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 18,5 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 1,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

- Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладонагӣ 7269 тонна, картошка — 3681, сабзавот — 3982, полезӣ — 3109, мева — 6841, ангур — 978, гӯшт — 5907, шир — 11695, пашм — 90,7, пилла — 0,6, асал — 80,1, моҳӣ 2,1 тонна ва тухм 1 миллиону 280 ҳазор донаро ташкил дод. Инчунин, аз ноҳия 650 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, — афзуд раиси ноҳия.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»