Аз нишастҳои матбуотӣ

Нақшаи пардохтҳои гумрукӣ барзиёд иҷро шуд

№26 (4766) 26.02.2024

GUMRUK-3-1Дар нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати мамлакат Хуршед Каримзода иттилоъ дод, ки соли 2023 аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба буҷет 9 миллиарду 79,6 миллион сомонӣ ворид шуд, ки ин нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 1 миллиарду 670,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар робита ба саволи хабарнигори рӯзнома номбурда посух дод, ки сабаби асосии барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ чорабиниҳои иловагии марбут ба такмили низоми маъмурикунонии гумрукӣ, аз қабили дуруст муайян намудани арзиши гумрукии моли воридотӣ, таъмини сифатнокии барасмиятдарории гумрукӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо субъектони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, пурзӯр намудани фаъолият дар самти пешгирии воридоти ғайриқонунии мол, назорати баъд аз барасмиятдарории гумрукӣ ва тақвияти ҳамкорӣ бо мақомоти гумруки дигар кишварҳо мебошад.

- Аз ҷониби дигар, истифодаи густурдаи воситаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, технологияи таҳлилу коркарди маълумот дар шакли электронӣ, ғайринақдӣ ва электронӣ пардохт намудани боҷи гумрукию андозҳо, таъсиси низоми «Равзанаи ягона» ва мукаммалгардонии идораи таваккал ба ин раванд таҳрик бахшид. Муҳимтар аз ҳама, ибтикори мазкур вобастагии барасмиятдарории гумрукӣ ва ситондани пардохтҳои гумрукиро аз омилҳои инсонӣ коҳиш дод, ки ин омил низ барои барзиёд таъмин шудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ саҳми бориз дорад, — афзуд Хуршед Каримзода.

Маълум гардид, ки воридоти молу маҳсулот соли гузашта 5 миллиарду 880,1 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 756,6 миллион доллар зиёд мебошад. Содирот бошад, ба 2 миллиарду 434,3 миллион доллар баробар шуда, дар қиёс ба соли 2022-юм 107,0 миллион доллар афзудааст.

Дар соли 2023-юм 3335 ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2022-юм 924 ҳолат зиёд аст. Аз ин теъдод 51-тоаш ҷиноят маҳсуб шуда, 3284 ҳолат ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад. Дар маҷмӯъ, бо ҷурмҳои зикршуда 3266 шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Илова бар ин, дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятӣ ашхоси гунаҳкор ба маблағи 5 миллиону 124,0 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, ба маблағи 2 миллиону 581,9 ҳазор сомонӣ молу маҳсулот мусодира гардид.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»