5 октябр - Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Забони модарӣ

№114-115 (3260-3261) 03.10.2014

 Муҳаммад ҒОИБ, Шоири халқии Тоҷикистон

Суруди «Алла»-и модар намегардад фаромӯшам,

Алифи хештанро ёфтам  аз ин алиф охир.

Расад оҳанги гоми вожаҳоят нарм ба гӯшам,

Ҳиҷову  ҳарфи ту ёбад раҳе бар олами хотир.

 

Нигоҳи хатшиносон бар сари ту мисли барчошанд,

Ба дида нуқтаву ҳарфи туро чун тӯтиё хонанд.

Худоҷӯёну покон аз ту ҷӯёи даво бошанд,

Зи асрори ту огаҳро хато не, авлиё хонанд.

 

Шиносад сӯзани мижгон ба мисли ришта ҳарфатро,

Матои кандакӯки дидагонамро ту медӯзӣ.

Ниёгон баҳри ман бо хуни дил бинвишта ҳарфатро,

Ту аз ман рӯза мегирӣ, бигирам ман зи ту рӯзӣ.

 

Ҳубоби чашмҳо бар ҳарфҳои мавҷмонандат,

Нигаҳ дӯзанд гоҳе аз ҳавас, гоҳи дигар аз рашк.

Ба ёди ҳар китоби сӯхта, ҳар дафтари пандат,

Равон гардад зи ҳавзи дидагонам  ҷӯйҳои ашк.

 

Ҳама бишкастанафсии ман аз бишкастаҳарфи туст, 

Ба омӯзанда ҳар бишкастаҳарфи ту зафар орад.

Дарахти пандҳое, ки зи тухми ҳарфҳоят руст,

Нагардад заъфарон ҳаргиз, ба ҳар фасле  самар орад.

 

Касе, ки ошно бар печухамҳои хатат бошад,

Нанолад аз раҳи пурпечутоби олами тақдир.

Чароғи дил зи сими барқи меҳрат нур мепошад,

Забони рӯшани дилҳо, забони назми оламгир.

 

Ту будиву ту ҳастӣ лаззате бар коми нокомон,

Ту бошӣ, зиндаам бо нони хушку косаи обам.

Маро ганҷе намонда ғайри ту аз давлати Сомон,

Сару сомони худро ҳеҷ гаҳ бе ту намеёбам…