Бисту ҳаштуми феврали соли 2024 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
РАИС: — Вакилони арҷманд!
Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 58 вакил ҳузур доранд.
Имкон шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем.
Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.
Мутобиқи моддаи 34-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.
Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Дар ҷаласаи имрӯза мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ҷамшед Шарифзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова, муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Барот Расулӣ ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.
Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Ба рӯзномаи ҷаласа чор масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст.
Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.
Хоҳишмандам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният интихоб намудани Аюбӣ Б. О.
2. Дар хусуси Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония дар доираи Барномаи волонтёрони Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JOСV)
3. Дар хусуси Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар муқовимат ба коррупсия
4. Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар таҳқиқ ва истифодаи фазои кайҳон бо мақсадҳои осоишта.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният интихоб намудани Аюбӣ Б. О.» шурӯъ мекунем. Номбурда тибқи рӯйхати номзадҳои интихобгардида аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 7-уми феврали соли 2024 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст. Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният интихоб намудани Аюбӣ Б. О.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: - Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Тибқи талаботи моддаи 31-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вакили интихобшуда ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунад. Марҳамат, Бибиосия Аюбӣ, ба халқи Тоҷикистон савганд ёд кунед.
(Бибиосия Аюбӣ ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунад).
РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар хусуси Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония дар доираи Барномаи волонтёрони Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JOСV)» оғоз менамоем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода дода мешавад. Марҳамат.
Аҳлиддин НУРИДДИНЗОДА:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония дар доираи Барномаи волонтёрони Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JOCV) 3-юми августи соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, он бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати Япония амалӣ карда мешавад, таҳия гардидааст.
Бо дархости Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон волонтёрони японӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ тибқи нақшаҳое, ки байни мақомоти салоҳиятдори ҳар ду кишвар мувофиқа мегарданд, аз ҷониби Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд. Муқаррароти санади мазкур бо меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, зарурати ба онҳо ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба миён намеорад ва маблағи иловагиро аз буҷети давлатӣ талаб намекунад.
Хароҷоти рафтуомади байналмилалӣ байни Япония ва Тоҷикистон ва воситаҳои будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои волонтёрон аз ҷониби Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) пардохт карда мешавад, инчунин, таҷҳизот, мошинҳо, воситаҳои нақлиёт ва маводе, ки барои иҷрои уҳдадориҳои онҳо зарур мешаванд, аз ҷониби JICA дастрас карда мешаванд. Бинобар ин, аз шумо – вакилони гиромӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ёддоштҳои табодулии мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Мунаввар Абдусаломзода дода мешавад. Марҳамат.
Мунаввар АБДУСАЛОМЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония дар доираи Барномаи волонтёрони Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JOСV) дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.
Мақсади ёддоштҳои табодулии мазкур мусоидат намудан ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати Япония амалӣ карда мешавад, маҳсуб мегардад. Тибқи нақшаҳое, ки байни мақомоти салоҳиятдори ҳар ду кишвар мувофиқа мегарданд, ихтиёриёни японӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд. Дар доираи ин санад Ҳукумати Япония барои соҳаҳои афзалиятноки иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон мутахассисони соҳибтаҷрибаро, ки дар ёддоштҳо дарҷ гардидаанд, ба таври ройгон сафарбар менамояд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёддоштҳои табодулиро мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд.
Ёддоштҳои табодулии мазкур ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки ёддоштҳои табодулии зикргардидаро ҷонибдорӣ намуда, барои тасдиқи он овоз диҳед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст?
Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония дар доираи Барномаи волонтёрони Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JOСV)» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар муқовимат ба коррупсия» шурӯъ мекунем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Барот Расулӣ дода мешавад. Марҳамат.
Барот РАСУЛӢ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Бо мақсади муқовимати дастҷамъона бо зуҳуроти фаромиллии коррупсия, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти зиддикоррупсионӣ бо ин падидаи номатлуб ва баланд бардоштани иқтидори давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ соли 2019 аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил лоиҳаи «Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар муқовимат ба коррупсия» таҳия ва ҷиҳати мувофиқа ба ҷонибҳо пешниҳод шуда буд. Созишномаи мазкур баъди мувофиқа ва ҷонибдории тарафҳо 14-уми октябри соли 2022 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари расмӣ ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон имзо шуда буд. Ҳадафи созишнома аз баланд бардоштани самаранокии талошҳои миллӣ ва ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти муқовимат ба коррупсия маҳсуб ёфта, аз 5 фасл ва 33 модда иборат мебошад. Дар созишнома вазифа ва самтҳои асосии ҳамкории тарафҳо, таҳия ва татбиқи сиёсати ҳамоҳангшуда, барномаҳо ва чорабиниҳои муштарак оид ба муқовимат ба коррупсия, мутобиқгардонии қонунгузории миллӣ, ҳамкории байналмилалӣ дар самти табодули маълумот вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, инчунин, раванди ошкорсозӣ, ба ҳабс гирифтан ва мусодираи молу мулке, ки аз натиҷаи содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ба даст оварда шудаанд, муқаррар шудааст. Яке аз самтҳои муҳиме, ки онро созишномаи мазкур ба танзим медарорад, табодули маълумот, раванди ба ҳабс гирифтан ва мусодираи молу мулки аз натиҷаи содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ бадастоварда мебошад. То имрӯз санади меъёрию ҳуқуқии байналмилалие, ки ин равандро ба танзим дарорад, таҳия нагардидааст. Тасдиқи созишномаи мазкур имкон медиҳад, ки дар сурати аз тарафи мақомоти қудратии тарафҳо муайян намудани ҳолати мавҷудияти молу мулки ғайриқонунӣ бадастовардаи ҷинояткорон онҳо дар ҳудуди давлатҳои иштирокдори ИДМ ба ҳабс гирифта шаванд ва мусодира гарданд. Ҳамзамон, созишнома дорои дигар паҳлуҳои мусбат буда, дар сурати дастгирӣ ёфтан дар самти муқовимат ба коррупсия ҳамчун санади муҳими байналмилалӣ арзёбӣ мегардад. Лоиҳаи созишнома то давраи имзои ҷонибҳо аз тарафи вазорату идораҳои салоҳиятдори кишвар мавриди омӯзиш қарор дода шуда, қабули он ҷонибдорӣ гардидааст. Ғайр аз ин, тибқи талаботи бандҳои 13, 14 ва 15 тартиби гузарондани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии пешниҳодшуда мавриди арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ қарор дода шуда, дар он омилҳои ба вуҷуд овардани коррупсия ошкор карда нашудааст.
Созишномаи мазкур аз ҷониби Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба имзо расонда, дар ҳамаи давлатҳо, ба истиснои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқ (ратификатсия) карда шудааст.
Созишномаи мазкур ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагӣ талаб намекунад. Аз ин рӯ, аз шумо – вакилони арҷманд бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро барои эътибори қонунӣ пайдо намудан ҷонибдорӣ кунед.
РАИС: — Сухани навбатӣ ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Толибхон Азимзода дода мешавад. Марҳамат.
Толибхон АЗИМЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар муқовимат ба коррупсия, ки 14-уми октябри соли 2022 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расидааст, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.
Омӯзиши ҳуҷҷатҳои расмии давлатии мазкур ва баррасии он тибқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуд, ки ба мисли дигар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ яке аз мақсадҳои асосии таҳия ва пешниҳоди он гузарондани расмиёти дохилидавлатӣ, яъне тасдиқи он аз ҷониби Маҷлиси намояндагон, мебошад. Мақсади дигар ин тақвияти фаъолияти минбаъдаи тарафҳо, васеъ намудани доираи ҳамкориҳо дар ин самт мебошад, ки тартиби иҷрои мақсаду вазифаҳои он дар созишнома зикр гаштааст.
Созишнома, бо эътирофи он ки коррупсия ба волоияти қонун, демократия ва ҳуқуқи инсон, баробарӣ ва адолати иҷтимоӣ хатари ҷиддӣ дошта, ба рушди иқтисодӣ монеа эҷод мекунад, асосан баҳри баланд бардоштани самаранокии муқовимат бар зидди ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ нигаронда шудааст. Ҳамзамон, ҳуҷҷати мазкур ба меъёрҳо дар бораи мақомоти салоҳиятдор, ваколатҳои онҳо, ҳимояи иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ, заминаҳои меъёрии ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия, гирифтани маълумот, мусодираи даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар пешгирии коррупсия, боздошт ва истирдоди шахсоне, ки чунин ҷиноятҳоро содир кардаанд, ҷустуҷӯ ва баргардондани даромадҳо, таъмини амнияти ҳуқуқӣ, мубодилаи иттилоот ва дигар самтҳо бахшида мешавад.
Муҳим он аст, ки дар созишнома меъёрҳое пешбинӣ карда мешаванд, ки бо қиёс ба қонунгузории амалкунандаи кишвари мо дар ин самт такя намуда, ба муносибатҳо тақвият мебахшад, то муқовимат, ошкорнамоӣ, пешгирӣ ва барқарор намудани зарарҳо пурзӯр гашта, ин амалҳо ба яке аз муносибатҳои байнидавлатии давлатҳои иштирокдор табдил ёбад.
Созишномаи мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳоднамудаашон ҷонибдорӣ намуданд. Созишномаи мазкур ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 12 ва 15 қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи муқовимат бо коррупсия», «Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия» ва ба талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯ мебошад. Бо назардошти ин, аз шумо – вакилони арҷманд бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки тасдиқи созишномаи баррасишавандаро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?
Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар муқовимат ба коррупсия» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар таҳқиқ ва истифодаи фазои кайҳон бо мақсадҳои осоишта» оғоз менамоем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова дода мешавад. Марҳамат.
Гулчеҳра ҚОҲИРОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар таҳқиқ ва истифодаи фазои кайҳон бо мақсадҳои осоишта 19-уми июни соли 2023 дар шаҳри Москва ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Созишнома дар бораи амалисозии фаъолияти муштараки бисёрҷонибаи кишварҳои иштирокчиёни ИДМ дар соҳаи таҳқиқот ва истифодаи фазои кайҳон бо мақсади осоишта аз 2-юми ноябри соли 2018 дар шаҳри Остона ба имзо расидааст ва бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми октябри соли 2020, таҳти № 169 тасдиқ шуда, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори расмӣ пайдо кард. Созишномаи мазкур заминаи ҳуқуқии нави байналмилалӣ барои ҳамкории беш аз се давлат — иштирокчиёни ИДМ дар соҳаи таҳқиқот ва истифодаи фазои кайҳон мебошад. Ин санад имкони ба имзо расондани лоиҳаи қолабии Созишномаи дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқот ва истифодаи фазои кайҳон бо мақсади осоиштаро ба вуҷуд овард. Созишномаи дуҷониба аз тарафи Ширкати давлатии «Роскосмос»-и Федератсияи Россия омода ва соли 2019 ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардид. Мақсади санади мазкур бунёд кардани заминаи ҳуқуқии меъёрии дуҷониба барои ҳамкории байналмилалии байни Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ширкати давлатии «Роскосмос» зарур мебошад. Барои ҷалб намудани расадхонаҳои Институти астрофизика ба барномаи мушоҳидаҳои объектҳои кайҳонӣ дар минтақаи геостатсионарӣ, ки аз тарафи Ширкати давлатии «Роскосмос» иҷро мешавад, шароит фароҳам хоҳад овард. Созишномаи мазкур на танҳо барои Академияи миллии илмҳо, балки вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан барои сохторҳо, ки бо назорати фосилавии Замин ва аксҳои моҳворагӣ, харитасозӣ, муайян кардани мавқеи баланд, назорати ҳолатҳои қитъаҳои заминӣ, ҳолатҳои фавқулода ва ғайра сарукор доранд, низ хеле муфид мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони гиромӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои тасдиқи созишномаи мазкур овоз диҳед.
РАИС: — Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Бахтиёр Аҳмадзода дода мешавад. Марҳамат.
Бахтиёр АҲМАДЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар таҳқиқ ва истифодаи фазои кайҳон бо мақсадҳои осоишта 19-уми июни соли 2023 дар шаҳри Москва ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Бо Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми феврали соли 2024, таҳти №2053 созишномаи мазкур ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани хулоса ва ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуд. Вобаста ба мазмун ва муҳтавои созишномаи мазкур ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова маълумоти муфассал доданд.
Тасдиқи созишнома муносибатҳои илмии Тоҷикистону Федератсияи Россияро густариш бахшида, амалисозии он ба рушди соҳаи кайҳоншиносӣ, таҳқиқи фазои коинот, истифодаи натиҷаҳои фаъолияти кайҳонӣ бо мақсадҳои осоишта ва ба манфиати халқҳои ҳар ду давлат истифода бурдани техника ва технологияҳои кайҳонӣ заминаи муносибу мувофиқи ташкилӣ-ҳуқуқиро фароҳам меоварад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани созишномаро ҷонибдорӣ намуданд.
Созишномаи мазкур ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони гиромӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки тасдиқ намудани созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?
Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар таҳқиқ ва истифодаи фазои кайҳон бо мақсадҳои осоишта» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!
Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд. Доир ба рафти ҷаласа эроду пешниҳод ҳаст? Нест.
Барои иштироки фаъолонаатон изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ