Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни сеҳазорсолагии Ҳисор дар ноҳия бештар аз 200 иншооти таъиноти гуногун бунёд ёфта, маркази он ба як шаҳри ободу зебои замонавӣ табдил дода мешавад. Бинокорон талош ба он доранд то дар муҳлати муайяншуда иншооти ҷашниро мавриди истифода қарор диҳанд. Ба ин хотир, ҳоло дар ноҳия сохтмони иншооти ҷашнӣ босуръат ҷараён дорад.
Варзишгоҳи боҳашамати ноҳия, ки дар масоҳати 20 гектар сохта мешавад, дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст мебошад. Тибқи лоиҳа он бояд ба варзишгоҳи муосири сатҳи байналмилалӣ табдил ёбад. Барои бунёди ин варзишгоҳи бузург 38 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ ҷудо гардид. Айни замон беш аз шаст дар сади корҳои сохтмонӣ ба итмом расидааст.
Корҳои ороишии варзишгоҳро коргарони маҳаллӣ, ки аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҷамъ омаданд, иҷро мекунанд. Сохтмони варзишгоҳ моҳи майи соли 2013 оғоз шуда буд, вале танҳо дар панҷ моҳи охири соли равон сохтмони ин иншоот суръату сифати тозаро касб намуд.
Мувофиқи нақша варзишгоҳ то ҷашни сеҳазорсолагӣ ба истифода дода мешавад. То имрӯз 17 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, корҳои сохтмонии 19 иншооти дигар дар арафаи анҷомёбист.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»