Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Абдуллозода Зебонисо Файзулло аз вазифаи раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе,
Аминзода Сайдабону Рустам аз вазифаи судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе,
Саидзода Зулфия Саид аз вазифаи судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шаванд.
2. Комилӣ Файзалӣ раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе,
Саидзода Зулфия Саид судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон таъин карда шаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 29 феврали соли 2024, №763