Бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳи ҳамоҳангсозии назди ин вазорат оид ба татбиқи лоиҳаи «Рушди хизматрасонии тиббӣ» ва дастгирии молиявии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе Форуми миллӣ бо иштироки мутахассисони байналмилалӣ оид ба ворид намудани механизми нави маблағгузорӣ дар соҳаи тандурустӣ доир гардид. Ҳадафи асосии форум танзими идоракунии маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар чаҳорчӯбаи татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» ва муҳокимаи расмии раванди ворид намудани механизми нави маблағгузорӣ дар соҳаи тандурустӣ мебошад.
Дар кори форум вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Туманова, намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Патрисия Виверс -Картер, сармутахассиси Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ Вези Мсиша ширкат варзида, зимни суханронии хеш зикр намуданд, ки бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якҷоя бо шарикони байналмилалӣ дар баробари дигар соҳаҳои иҷтимоиёт, ба соҳаи тандурустии кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шудааст.
Аз ин рӯ, дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми нави маблағгузорӣ ҷорӣ карда мешавад, ки дар асоси он дар низоми тандурустии мамлакат дигаргуниҳои чашмрас рӯйи кор меоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми минтақаи Осиёи Марказӣ аввалин кишварест, ки дар он низоми нави маблағгузорӣ дар соҳаи тандурустӣ амалӣ карда мешавад. Аз ин лиҳоз, мутахассисони соҳа бозомӯзӣ шуда, ҳашт шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон чун минтақаи озмоишӣ (пилотӣ) интихоб шуданд.
Шурӯъ аз соли 2015 дар соҳаи тандурустӣ боз ҳафт ноҳияи дигар ба низоми нави маблағгузорӣ гузаронида мешавад, ки он ду миллион нафар аҳолиро дар бар мегирад ва дар маҷмӯъ 25 дар сади аҳолӣ ба шакли нави хизматрасонии тиббӣ фаро гирифта мешаванд.
Вилояти Хатлон, ки имрӯз чор ноҳияи он чун минтақаи озмоишӣ (пилотӣ) интихоб шудааст, масъулини бахши тандурустиаш бар он боваранд, ки камбудиҳоро бартараф месозанд.
Нусратулло Салимзода аз ҳамкорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки ин раванд имконият медиҳад, ки мушкилот дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута ҳал шаванд.
Аз тарафи Бонки Умумиҷаҳонӣ дар ҷумҳурӣ то ин замон чор лоиҳаи грантӣ бо маблағи умумии 42 миллион доллари ИМА бомуваффақият амалӣ шуданд. Лоиҳаҳои мазкур бевосита ба масъалаҳои ислоҳоти соҳа, баланд бардоштани иқтидори кадрӣ, заминаи моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ, рушди инфрасохтор, таъмини маводи доруворӣ барои беҳтар намудани дастрасӣ ва сифати хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолии кишвар равона карда шудаанд.
Дар форуми мазкур намояндагони баландпояи соҳаи тандурустӣ аз Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Арманистон ширкат варзида, иштирокдоронро бо дастовардҳо ва таҷрибаи хеш дар ин самт шинос намуданд.
Ҳамчунин дар форум беш аз 100 нафар роҳбарону мутахассисони соҳаи тандурустии кишвар, шарикони байналмилалӣ оид ба рушд ва меҳмонони хориҷӣ иштирок доштанд.
Зимни суханрониҳо дастовардҳо ва роҳҳои вусъат бахшидан ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва ҷорӣ намудани роҳу усулҳои нави маблағгузории соҳа мавриди назар қарор гирифтанд.
М. ЗОКИР, «Садои мардум»