Ғамзабӣ Низомова куҳансолтарин сокини ноҳияи Кӯшониён маҳсуб меёбад. 113 сол дорад ва шукргузор аз он аст, ки даврони пириаш дар фазои сулҳу суботи Ватан ва ҳалқаи пайвандону наздикон сипарӣ мегардад.
Ин пири барнодил зимни суҳбат аз он изҳори хушнудӣ кард, ки Тоҷикистони биҳиштосо рӯз аз рӯз шукуфотар шуда, сокинонаш дар фазои ором, зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору зиндагӣ доранд.
- 20-уми январ 113-сола шудам. Дар тӯли умр пастию баландиҳои зиёди рӯзгорро дидаам. Сесола будам, ки падару модарам аз дунё гузаштанд. Дар тарбияи аммаю холаҳоям ба воя расидам. Соли 1933 моро аз ноҳияи Рашт ба водии Вахш муҳоҷир карданд. Дар хурдӣ рӯз то бегоҳ дар саҳро кор мекардем. Баробари кишти пахта кори мо ҳам дар саҳро оғоз мешуд. Ба ғайр аз кор дар колхоз ҷойи дигарро намедидем, — ба хотир овард даврони кӯдакию наврасиашро момаи табаррук.
Баъд аз ба шавҳар баромадан низ момаи Ғамзабӣ бо ҳамсараш рӯзи худро дар саҳро сипарӣ менамуд. Ҳамсараш раиси колхоз буд, вале завҷаи раис ҳавобаландӣ намекард, қатори дигарон софдилона заҳмат мекашид.
Ба гуфти момаи Ғамзабӣ, гарчанде миллати тоҷик ҷанги вазнини шаҳрвандиро паси сар карда бошад ҳам, дар муддати кӯтоҳ бо сарварии оқилона ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рӯзҳои нек расид.
- Ба чеҳраи кӯдакони хушбахти замон менигараму кӯдакии худро ба ёд меорам, ки чӣ сон кори вазнини ҷисмонӣ мекардем. Кӯдакони имрӯза озоду хушбахтанд. Барои озодию хушҳолиашон тамоми шароит фароҳам аст. Аз тариқи оинаи нилгун мебинам, ки ҳар рӯз дар ин ё он шаҳру ноҳия боғчаю мактабҳо ба истифода дода мешаванду насли ояндаи мо дар беҳтарин шароит ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ғамхории давлатро дар ҳақи ятимон дида, дилам аз фараҳ лабрез мешавад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳо ҳатман аз ҳоли ятимон бохабар мешаванд. Худ, ки ятим ба воя расидаам, медонам сари ятимеро навозиш ва ҳарфи дили ӯро гӯш кардан чӣ сон ба онҳо шодӣ мебахшад, — иброз намуд дар анҷоми суҳбат момаи Ғамзабӣ Низомова.
Ӯ соҳиби ҳашт фарзанд ва зиёда аз 100 набераю абера мебошад. Аҳли деҳа ҳурматашро ба ҷо меоранду ҳамарӯза аз ҳолаш хабар мегиранд. Дар ҳама маросими аҳли деҳа фаъолона иштирок мекунад ва дуои хайр медиҳад.
Аз он хурсанд аст, ки ҳашт фарзанди хешро бо меҳнати ҳалол ба воя расондаасту ҳоло фарзандонаш зиндагии обод доранд. Дар хонаи писараш Сафарбек Низомов зиндагии осуда ба сар мебарад. Амалҳои неки созандагию бунёдкории писараш Сафарбек ӯро хушҳол менамояд.
Дар фарҷоми суҳбат момаи Ғамзабӣ даст ба дуо бардошт: «Илоҳо, кабӯтари сулҳу субот мудом болои Тоҷикистони азиз болафшон бошаду дар лабони ҳар фарди тоҷик ҳамеша табассум ҳувайдо. Ватани азизи мо бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам ободу зеботар гардад. Омин».
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»