Сурайё Дӯстмуродзода аз бонувони муваффақи кишвар аст. Ӯ аз соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум буда, чанде пеш раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия интихоб шуд. Дар арафаи Рӯзи Модар вобаста ба фаъолияти занон дар мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар, рушди ҳунару малакаи онҳо ва рисолати бонувони Тоҷикистони соҳибистиқлол суҳбат анҷом додем, ки фишурдаи он пешкаши хонандагони рӯзнома мегардад.
- Ба андешаи Шумо истиқлоли давлатӣ то кадом андоза ба рушди касбият ва кашфи зарфияти занон мусоидат кард?
- Мехоҳам суҳбатро аз моҳияти истиқлол, ки неъмати бебаҳо барои миллати тоҷик аст, шурӯъ кунам. Дар ҷаҳон халқу миллатҳое мавҷуданд, ки аз 10 то 200 миллион нафар нуфуз доранд, вале соҳиби давлати соҳибистиқлоли худ нестанд. Нишонаи миллат 5 меъёр — забон, фарҳанг, сарҳад, таърих ва ниҳоди сиёсие, ки онро идора кунад, ба шумор меравад, аммо нишонаи дигаре, ки дар ин раванд баъзан сарфи назар мекунем, ҳувияти миллӣ аст.
Истиқлолият барои тоҷикон осон ба даст наомадааст. Миллат пароканда буд, ваҳдати миллӣ вуҷуд надошт ва ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ ба зеҳнҳо таъсири манфӣ гузошт. Дар он давра давлатҳо бояд моликияти аз шуравии собиқ мондаро соҳиб мешуданд. Мутаассифона, барои мо ҳамагӣ чанд корхона ба мерос монду халос, зеро кишвари мо ҳамчун манбаи ашёи хом истифода мешуд. Вақте Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари давлат интихоб шуданд, бо нақшаи муайян пояҳои давлатро мустаҳкам карданд. Стратегияҳои миллии рушд барои давраҳои гуногун қабул гардида, тадриҷан амалӣ шуданд. Роҳу нақбу пулҳои зиёд ба истифода дода шуданд, ки ваҳдати байни минтақаҳоро таъмин кард. Роҳбари давлат тавонистанд, ки аз ҳисоби кадрҳои соҳибихтисос тими пурқувватро созмон дода, минтақаҳоро пайванд намоянд ва бо роҳандозии тадбирҳои судманд ваҳдати миллиро мустаҳкам кунанд.
Аз меваи шаҳдбори замони соҳибистиқлолӣ, пеш аз ҳама, занону бонувон баҳрвар гардиданд, зеро дар муддати на чандон зиёд барои рушди ҳаматарафаи бонувон корҳои зиёде анҷом ёфтанд. Роҳбари давлат ба занон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Дар ин замина дар вазифаҳои хизмати давлатӣ 40 дарсад, парлумон — 26, маориф — 71, тандурустӣ — 73 ва бонкдорӣ 39 дарсадро занону бонувон ташкил медиҳанд.
Барои дастгирии занон санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд қабул гардидааст. Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳои пасошуравӣ мебошад, ки конвенсияҳои байналмилалии вобаста ба ҳуқуқи занонро ба тасвиб расондааст. Дар ҳамаи паёмҳояшон Президенти кишвар ба занону бонувон таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, ки онҳоро зиёдтар рӯҳбаланд мекунад. Ба воситаи грантҳо ва квотаҳои президентӣ фаъолияти занон дар ҳамаи соҳаҳо густариш меёбад. То имрӯз аз ҳисоби грантҳои омӯзишӣ зиёда аз 11 ҳазор духтари тоҷик дар хориҷи мамлакат таҳсили хуб гирифтаанд.
- Тавре маълум аст, як қисми вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби бонувон интихоб шудаанд. Фаъолияти онҳоро дар парламент чӣ гуна баҳо медиҳед?
- Вакилзанони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудаанд ва таҷрибаи андӯхтаашон имкон медиҳад, ки дар мақоми олии қонунбарор фаъолияти хуб дошта бошанд. Давоми чор сол зиёда аз 500 санади меъёрии ҳуқуқӣ аз тарафи парлумони касбӣ баррасӣ шуда, зиёда аз 50 қонуни мукаммал қабул гардид. Ба қонунҳои зиёде тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Дар ҳама қонунҳое, ки қабул мешаванд, занон саҳм доранд. Дар маҷмӯъ, вакилбонувони мо рисолаташонро хуб иҷро карда истодаанд.
- Ғамхорӣ ба занон як ҷузъи фарҳанги мост. Бар ивази таваҷҷуҳи пайваста бонувон чӣ рисолатеро бояд иҷро кунанд?
- Зан-модар офаранда аст. Бонувон дар бисёр масъалаҳо масъулиятпазиранд. Дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат боис шуд, ки имрӯз зани тоҷик олим, муҳандис, соҳибкор, бонкдор ва сиёсатмадор аст. Агар то соли 1990-ум 66 ҳазор зан соҳибмаълумот шуда бошад, дар давраи соҳибистиқлолӣ зиёда аз 136 ҳазор зан маълумоти олӣ гирифтааст.
Дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ бояд ҳамқадами замон бошем. Аз ин лиҳоз, занон меҳвари таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор доранд. Агар зан босавод бошад, асосҳои тарбия, муоширатро ба фарзандаш меомӯзад. Бонувони тоҷик бояд донишҳояшонро зиёд кунанд. Занҷираи пайванди наслҳо бояд пурқувват бошад.
- Квотаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба таҳсил фаро гирифтани духтарони деҳаҳои дурдаст такони ҷиддӣ бахшид…
- Бале. Солҳои 1990 як қисми ҷомеа таассубӣ гашт. Дар бисёр деҳаҳои дурдаст ба хондани духтарон иҷозат намедоданд. Ғайр аз ин, дар оила ба писарон зиёдтар таваҷҷуҳ зоҳир мешуд, ки ин ҳам як навъи таассуб аст. Квотаҳои президентӣ ба духтарон имкон дод, ки маълумоти олӣ гирифта, ба ноҳияашон баргарданд. Дар ин замина аҳолӣ дарк кард, ки келини босавод аз келине, ки саводи кофӣ надорад, афзалтар аст. Инчунин, раванди ҷалби бонувон ба хизмати давлатӣ, ки аз ташаббусҳои бевоситаи Президенти мамлакат бармеояд, собитқадамона амалӣ мешавад. Имрӯз дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо яке аз муовинони раис зан аст. Ман дар Аврупо будам ва инро надидам. Илова бар ин, аксари котибони ҷамоатҳои деҳот духтарону занонанд.
Ҳодисаи фараҳбахши дигаре, ки чанде пеш ба вуқӯъ пайваст ва метавонад барои рушди ҷомеа, аз ҷумла духтарон, мусоидат кунад, ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мебошад. Ин ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Мутобиқи он минбаъд таҳсил то синфи 11 ҳатмӣ мешавад. Ин қонун имкон медиҳад, ки ҳеҷ кас аз таҳсил дур намонад.
- Ба андешаи Шумо мушкилоти асосии занон чист?
- Беҳавсалагӣ. Мактаб ҳаст, хондан даркор, кор ҳаст, фаъолият намудан лозим. Зани тоҷик аз азал фаъолияти густурда дошт. Ба истилоҳи имрӯза, менеҷере буд, ки ҳама корҳоро саришта мекард. Имрӯз бо таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ духтарон ба дигар самтҳо моил мешаванд. Бисёр мехоҳам, хоса бонувон, ба ҷойи шабакаҳои иҷтимоӣ ба касбу ҳунаромӯзӣ аҳамият диҳанд, то дар оянда роҳашонро пайдо карда тавонанд.
Асолат бояд гум нашавад. Зани тоҷик фарзандашро бояд худшиносу худогоҳ ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намояд, хонаашро саришта кунад. Ин суннати оилавӣ моро аз дигар тамаддунҳо фарқ мекунонад.
Суҳбаторо Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»