29 сентябри соли равон дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Пленуми Суди Олӣ доир гардид. Дар Пленум раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллозода, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина, раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Азиззода, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наим Мансурзода, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Маҳмад Забир ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа бо мақсади ҷорӣ намудани таҷрибаи якхела ҷиҳати татбиқи дурусти меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба татбиқи меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми амалӣ намудани адолати судӣ» қабул шуд. Қарори номбурда ба суд, судяҳо мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо ва шахсони мансабдор, ки дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ваколати қабули санади ба ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дахлкунандаро доранд, дастур медиҳад.
Инчунин қарори Пленуми Суди Олӣ «Дар бораи ошкоро будани муҳокимаи судӣ ва ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» қабул гардид. Принсипи ошкоро будани муҳокимаи судӣ ҳамчун принсипи асосии адолати судӣ аз Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва моддаи 88-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, суд, судяҳоро уҳдадор менамояд, ки имконияти озодона ба толори маҷлиси судӣ даромадани ҳамаи шахсон, аз ҷумла намояндагони воситаҳои ахбори оммаро таъмин намоянд.
Ҳамзамон ба қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намудани парвандаҳо оид ба бекор кардани ақди никоҳ» ва «Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба гирифтан, додани пора ва ришвадиҳии тиҷоратӣ» тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»