Сайфиддин Суннатӣ миёни ҳамкорон ва хонандагони нашрияҳо маҳбубияти хоса дорад. Вай аз зумраи нафаронест, ки дар рушди матбуот хизмати арзандаю шоиста мекунад, вале аз пайи шуҳрат нест. Ҳамкори арҷманди мо агарчи ҷоизаҳои касбӣ ва мукофотҳои давлатӣ надорад, вале ҳуҷраи корию хонааш пур аз диплому сипоснома аст.
Маҳбубияти бештарро вақте дар ҳафтаномаи машҳури «Чархи гардун» кор мекард, пайдо намуд. Бо имзои С. Суннатӣ дар ҳар як шумораи ин ҳафтанома мақолаҳои ҷолиб чоп мешуд. Илова бар ин, масъули саҳифаи махсуси маърифатӣ буд. Аксар мухлисони «Чархи гардун» нашрияро маҳз барои ҳамин саҳифааш дастрас мекарданд.
Ҳамзамон, мақолаҳои Сайфиддин Суннатӣ дар мавзуъҳои истеҳсоли биогаз аз поруи ҳайвонот ва партовҳои кишоварзӣ, истифодаи неруи офтобу шамол, гирифтани сӯзишвории биологӣ (биоэтанол) аз ҷуворимаккаю топинамбур, тарғиби нақлиёти барқӣ, рушди сайёҳӣ ва вазъи экологӣ дар рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Мароми пойтахт», «Паёми Душанбе», «Дунё», «Инсон ва табиат» ва ғайра мунтазам ба нашр мерасанд.
Дар бораи пайдошавии аввалин нақлиёти барқӣ ва аҳамияти ҷорӣ кардани он дар кишварамонро бори аввал дар матбуот, маҳз Сайфиддин Суннатӣ навишт. Соли 1998 мақолааш таҳти унвони «Ба электромобил савор шавед» дар ҳафтаномаи «Чархи гардун» ба табъ расид. Баъдан дар ин мавзуъ силсиламақолаҳояш дар рӯзномаҳои «Садои мардум», «Минбари халқ» ва дигар нашрияҳо чоп шуданд. Матолиби нашркардааш борҳо дар фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳи ҳакамон гардида, бо ҷоизаҳо сазовор дониста шуд. Аз ҷумла, дар Фестивали журналистони экологии Осиёи Марказӣ, ки моҳи ноябри соли 2002 дар шаҳри Алмаато (Қазоқистон) ҷамъбаст шуд, иштирок карда, барои силсиламақолаҳояш дар мавзуи ҳифзи муҳити зист бо диплом ва соати деворию диктафон сарфароз гардид. Чандин сол аст, ки Сайфиддин Суннатӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявии матолиби экологӣ, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон мекунанд, соҳиби ҷоиза ва мукофотҳо мегардад.
Мусоҳибаҳояш дар мавзуи тарғиби тарзи ҳаёти солим ва чораҳои мубориза бо бемориҳои гуногун дар рӯзномаи «Ёрии таъҷилӣ», маҷаллаи «Даво» мунтазам нашр мешаванд.
Хусусияти хоси мақолаҳои Сайфиддин Суннатӣ дар он аст, ки вай олимона навишта, дар мақолаҳояш пешниҳодоти манфиатбахш манзур мегардонад. «Шунидан кай бувад монанди дидан. Ё чӣ тавр энергияи алтернативиро тарғиб намоем!», «Зарфҳои пластикиро бо гилию сафолӣ иваз намоем», «Ба нақлиёти барқӣ шину дар пешгирии гармшавии иқлим саҳм гузор», «Агар автобусҳо хати алоҳидаи ҳаракат медоштанд, хуб мешуд», «Маҳсулоти ватаниро харидан аз нишонаҳои ватандӯстист», «Аз сардиҳои моҳи январ чӣ сабақ гирифтем?», «Чӣ тавр неруи барқ ва гармиро метавон сарфа кард?», «Муассисаҳои ислоҳӣ ҷойи ислоҳшавӣ ё «такмили ихтисос»-и ҷинояткорон?», «Пахтачинонро ҳавасманд кунед», «Ҳамла»-и гармӣ ва қурбониҳои он» аз ҳамин қабил матолиб аст, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» ба табъ расида, аз ҷониби мутахассисону коршиносон ҳамовозӣ пайдо карданд.
Сайфиддин Суннатӣ соли 1988 Институти хоҷагии қишлоқ (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур)-ро хатм карда, дар Институти давлатии лоиҳакашии «Тоҷикгипрозем» ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз намуда, баъдан тарҷумони ширкати «Кӯҳистон» буд. Соли 1996 ба сифати хабарнигори ҳафтаномаи «Чархи гардун» корро оғоз карда, сипас, фаъолияти рӯзноманигориро дар нашрияҳои «Минбари халқ» ва «Ҷавонони Тоҷикистон» идома додааст. Шояд, ба мавзуъҳои дақиқ даст заданаш таъсири донишомӯзӣ дар донишгоҳи кишоварзӣ бошад, ки ҳамчун журналисти ҳирфавию соҳавӣ таҳлилу пешниҳодоташ қобили таваҷҷуҳ мебошанд.
Айни ҳол Сайфиддин Суннатӣ дар нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Садои мардум» ҳамчун муҳаррири шуъбаи ҳуқуқ ифои вазифа мекунад ва яке аз рӯзноманигорони пурмаҳсул маҳсуб меёбад. Ногуфта намонад, ки ҳампешаи мо забонҳои урду, арабӣ, туркӣ, русӣ ва ӯзбекиро медонад. Боре ҳам надидаам, ки аз дасту забони вай касе озоре дидаю хафа шуда бошад. Вай ҳамеша серкору серташвиш аст, шабу рӯз мехонад, менависад, ба корҳои хайру савоб машғул аст.
Боре рӯзноманигор Азизи Фаттоҳ зимни як суҳбат аз Сайфиддин суол намуд, ки «Агар Шумо соҳиби молу сарвати фаровон шавед, онро ба чӣ корҳо масраф мекардед?» Вай ҷавоб медиҳад:
- Агар чунин шавад, пеш аз ҳама, як қисми сарватро сарфи таълиму тарбия мекардам. Яъне, пулро баҳри бунёди литсею гимназия ва таъмири мактабҳою маоши омӯзгорон сарф мекардам, зеро бунёди ҷамъият ва ободии кишвар аз тарбияи хуб сахт вобастагӣ дорад. Агар шаҳрвандон таълиму тарбияи дуруст дошта бошад танҳо дар фикри ободӣ хоҳанд буд…
Таманно мекунем, ки Сайфиддин ва ашхосе мисли ӯ, ғанию сарватманд шаванд.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»