Чаро бояд ватандӯст бошем?

№31-32 (4771-4772) 11.03.2024

ХИДИРОВАМафҳуми «ватандӯстӣ» ба қатори арзишҳои муқаддасе дохил мешавад, ки шахсро дар шинохти дигар арзишҳо метавонад муваффақ гардонад. Он ифодакунандаи эҳсосотест, ки доштани муҳаббати хос­ро ба сарзамини аҷдодӣ, дирӯзу имрӯзу ояндаи он талқин мекунад.

Дар фарҳанг ва анъанаи мардуми мо ватандӯстӣ решаҳои амиқи тарбиявию маърифатӣ ва арзишию эътиқодӣ дошта, «дӯст доштани Ватанро аз гӯшаи имон» васф мекунанд. Аммо дар замони муосири ҷаҳонишавӣ равия ва ҷараёнҳои гуногуни идеологӣ фаҳмиши дигари «Ватан»-ро пешниҳод намуда, мафҳуми «ватандӯстӣ»-ро ҳамчун мафҳуми куҳнашуда ва мубрамияти худро аздастдода маънидод мекунанд, ки ин дидгоҳ барои мо бегона ва дорои оқибати ногувор аст.

Дар чунин шароит талқин намудани дарки мафҳуми «ватандӯстӣ» амали саривақтӣ мебошад. Вобаста ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон чунин таъкид менамоянд: «Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне, ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем». Дар роҳи таҳкими эҳсоси ватандӯстию ватандорӣ Президенти мамлакат ба чунин омили муҳим, аз қабили «ҳисси баланди миллӣ» ишора мекунанд. Ин бесабаб нест, зеро маҳз ҳисси баланди миллӣ асоси худшиносию ҳувияти миллӣ буда, баҳри ташаккули ифтихор ва ғурури миллӣ мусоидат менамояд. Ташаккули арзишҳои номбаршуда баҳри таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ замина фароҳам оварда, шахсро барои ҳифзи суботу ягонагӣ ва пешрафти кишвар роҳнамоӣ менамояд. Дар робита ба ин Пешвои миллат чунин таъкид менамоянд: «… ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва даст­овардҳои он — сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад».

Дар мантиқи маънӣ ба ҳам пайвасту таъкид намудани чунин арзишҳои муҳим, аз қабили «сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ» бесабаб нест, зеро инҳо арзишҳое мебошанд, ки мавҷудият ва рушди давлат аз онҳо вобастагии зич дорад. «Қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонӣ»-и ҳар як шахси ватандор арзёбӣ намудани амалҳои мазкур ифодаи ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, маънавӣ ва эътиқодӣ буда, аз ҳар як шахси ватандор тақозо мегардад, ки дар раванди муносибатҳои иҷтимоӣ ҷанбаҳои мазкурро ба инобат гирифта, дар шинохти масъулияти шаҳрвандии худ муносибати огоҳона дошта бошад.

Дӯст доштани Ватан наметавонад фақат шиор бошад, он амалест, ки тавассути хизмати соф­дилона ба халқи худ, саҳмгузорӣ дар рушди давлати соҳибихтиёр, ҳифзи истиқлолияту тамомияти арзии он ва афзун гардондани дастовардҳои моддию маънавии он инъикос меёбад.

Тарғиби ғояи ватандӯстӣ ба сифати арзиши меҳварӣ дар тақвияти минбаъдаи шахсияти инсонҳо ва ҳар як узви ҷомеа имкон медиҳад, ки чунин хислатҳои шахсӣ, аз қабили ҷавонмардӣ, шуҷоатмандӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ ва масъулияти ватандорӣ дар зинаи нисбатан баланди маънавӣ дарку инъикос гарданд. Дар навбати худ, арзишҳои зикргардида тақвияти минбаъдаи ҳувияти миллиро қувват бахшида, баҳри таҳкими устувории мафкуравии ҷомеа мусоидати ҳамаҷониба мекунанд.

Лозим ба ёдоварист, ки ватандӯстӣ ҳамчун ғояи марказӣ дар Паёму суханрониҳои Пешвои миллат пайваста таъкид мегардад. Пешниҳоди ғояи муттаҳидкунандаи «Тоҷикистони озоду соҳиб­истиқлол — Ватани азизу маҳбуби ҳамаи мо» яке аз намунаҳои беҳтарини ташаккули эҳсоси ватандӯстии аҳли ҷомеа мебошад.

Дар роҳи тарбияи ватандӯс­тии шаҳрвандон нақши мактабу маориф бениҳоят калон аст. Дар ҳама давру замон саводу маърифат василаи муҳими наҷоти ҷомеаҳо аз таассубу хурофот буд. Ин омил аҳамияти худро то ба ҳанӯз аз даст надодааст. Ба сифати василаи муҳими мафкурасоз эълон намудани маориф амалан эътирофи моҳияти стратегӣ доштани соҳаи мазкур дар ҳаёти ҷомеа мебошад, зеро маориф соҳаест, ки тавассути он раванди иҷтимоишавии шахс бо риояи қонуниятҳои он амалӣ гашта, ташаккулу камолоти шахс дар мувофиқа бо мақсаду ҳадафҳои гузоштаи давлат метавонад ҷараён гирад. Вобаста ба ин, Пешвои миллат чунин таъкид карданд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад».

Таҳлили ин нукта нишон медиҳад, ки маориф хусусияти инсонсоз дошта, дар ташаккули шахсиятҳо ва устувории мафкуравии ҷомеа, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии аъзои ҷомеа саҳми меҳварӣ дорад. Василаи муҳимтарини амилисозии ин рисолат омӯзгор арзёбӣ мегардад, ки ҳамчун шахси «мафкурасоз» имкон дорад дар сотсиализатсияи сиё­сии шахс нақши бузург бозад. Маърифатнокӣ ҳамчун василаи таъминкунандаи тағйирпазирии мавқеи иҷтимоии инсон ва сохтори ҷомеа дар шаклгирии муносибатҳои иҷтимоӣ таъсиррасон мебошад. Аз ин рӯ, метавон маърифатнокиро заминаи тамоми пешравиҳо донист, ки неруи инсониро тақвият мебахшад, зеро неруе, ки инсонро дар ҷомеа муваффақ мегардонад, маърифат мебошад, ки ҳамчун ченак дар муайян намудани сатҳи камолоти шахсӣ ва фардӣ истифода бурда мешавад. Аз ин ҷост, ки тамоми шаклҳои рафтори инсон маҳз дар доираи ин ченак баҳогузорӣ карда мешаванд.

Маърифатнокӣ имкон медиҳад, ки шахс дар шинохти арзишҳои иҷтимоие, ки барои танзими фаъолияти ӯ дар ҷомеа заруранд, муваффақ гардад. Ҷараён гирифтани рафтори шахс дар доираи муайяни арзишӣ чаҳорчӯбаи рафторест, ки дар он маърифату фарҳанги ӯ инъикос меёбад. Сатҳи баланди маърифат василаи беҳтарини шинохти чунин арзишҳои муҳим, аз қабили ватандӯстию ватандорӣ, худшиносию ҳувияти баланди миллӣ, мебошад.

 Масъалаи дигари муҳиме, ки дар тақвияти мавқеи шахс омили маърифатиро муҳим арзёбӣ менамояд, авҷ гирифтани кӯшишҳои абарқудратҳо дар замони ҷаҳонишавӣ баҳри ташаккули фазои маърифатию маънавии ба мақсадҳои онҳо созгор мебошад. Низоми арзишие, ки аз ҷониби онҳо таҳмил карда мешавад, таҳдиди ҷиддӣ ба нигоҳдошти ҳувияту ягонагии миллӣ ва давлатдории миллӣ буда, фақат шахси соҳиби маърифати баланди илмию ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии васеъ метавонад ин таҳдидҳоро эҳсос ва дар муқобили онҳо муқовимат намояд. Бинобар ин, «… ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоя­гузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад», — таъкид намуданд Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон.

Хусусан, дар шароити муосир, ки равия ва гурӯҳҳои ифротию террористӣ авҷ гирифта, мағзшӯйии аъзои ҷомеа, бахусус ҷавононро мақсади худ қарор доданд, тақвияти пояҳои маориф, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифатнокӣ ба сифати омили муҳими муқовиматкунанда ба ин таҳдиду таъсирҳо баромад мекунад. Дар робита ба ин таъкиди Пешвои миллат дар бораи баланд бардоштани сатҳи саводнокию маърифатнокии миллат амали хирадмандона ва дурбинона мебошад.

Шахси босавод дорои мафкура ва мавқеи мустаҳками сиёсӣ буда, дар равандҳои ҷомеа устувории шахсии худро нигоҳ дошта метавонад, зеро ҷаҳонбинии васеъ, доираи зарурии донишҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва тахассусӣ, дарки дурусти воқеият, муайян карда тавонистани афзалиятҳои рушди ҷомеа ва моҳияти таҳдиду хатарҳо василаҳои муҳим дар роҳи таъмини масунияти мафкуравӣ мебошанд. Маҳз, дарки ҳамин нукта имкон медиҳад, ки маорифро на танҳо василаи саводнокӣ, балки омили муҳими таъмини амният ва суботи ҷомеа низ маънидод намоем. Вобаста ба ин таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон: «… пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад», суханони таърихие мебошанд, ки ҷомеаро барои ба сатҳи нисбатан нави маърифату дониш ва мутаносибан ба зинаи нави таъмини суботи иҷтимоию ваҳдату ягонагӣ баромадан роҳнамоӣ мекунанд. Савод бо бесаводӣ, маърифат бо ҷаҳолат ва илм бо хурофот ҳамеша дар набарданд. Аз ин рӯ, таҳкими пояҳои маорифу рушди минбаъдаи он омили муҳим дар роҳи таъмини рушди босуботи кишвар, таҳкими сулҳу осоиш ва суботу ягонагӣ мебошад.

Падидаи дигаре, ки баҳри таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ватандӯстӣ ҳамчун «вазифаи шаҳрвандӣ»-и ҳар як шахс мусоидат менамояд, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» мебошад. Ногуфта намонад, ки бо мақсади тақвияти ҳисси ватандӯстии ҷавонон то ин вақт барномаҳои давлатӣ қабул ва амал мекарданд. Аз ҷумла, «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикис­тон барои солҳои 2011-2013», «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» баъди анҷоми муҳлати татбиқашон барои давраи нав қабул гардиданд.

Эътирофи ватандӯстӣ ҳамчун принсипҳои ахлоқию сиёсӣ, иҷтимоию эътиқодӣ ва мустаҳкам намудани онҳо ҳамчун вазифаҳои шаҳрванд дар қонуни зикргардида аз он шаҳодат медиҳад, ки бо назар­дошти тазодҳои пайдошаванда дар замони ҷаҳонишавӣ ин арзиш мақом ва нақши тоза пайдо мекунад. Маҳз, аз ҳамин сабаб тақвият бахшидани корҳо дар ин самт амали зарурӣ ва саривақтӣ мебошад.

Махфират ХИДИРЗОДА,

доктори илмҳои фалсафа, профессор