Чаро корхонаи замоне машҳури шарбатбарорӣ аз фаъолият монд?

№34 (4774) 15.03.2024

20240221_105154Корхонаи шарбатбарорӣ дар кӯчаи Айнии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷойгир буда, зертобеи Иттифоқи «Тоҷикматлубот» мебошад ва масоҳаташ панҷ гектар заминро ташкил медиҳад. Сехҳо ва биноҳои ёрирасони он ҳоло ба харобазор мубаддал гаштааст.

Бинои корхона аз берун як манзараи ҳузнангез дорад. Нафаре, ки дар назди бинои корхона истода буд ва худро Мансур муаррифӣ кард, гуфт: «Корхонаи шарбатбарорӣ солҳо боз дар чунин ҳолат қарор дорад ва касе нест, ки онро ба кор дарорад. Солҳои пеш дар ин корхона шумораи зиёди мардону занони ноҳия фаъолият мекарданд».

Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ иттилоъ доданд, як сехи корхонаи шарбатбарорӣ то соли 2022 фаъолият менамуд ва дар он ҳашт нафар зани маҳаллӣ ба истеҳсоли шарбату консерваи бодиринг ва пиёзи анзур машғул буданд. Бо сабабҳои номаълум он сех ҳам аз фаъолият монд.

Раиси ноҳия Нурулло Мирзозода зимни нишасти матбуотӣ аз вазъи корхона нигаронӣ карда гуфт: «Чандин маротиба барои барқарорсозии корхона ба роҳбарияти Иттифоқи «Тоҷикматлубот» муроҷиат намудем. Мутаассифона, то имрӯз ҷавоб надоданд. Агар роҳбарияти «Тоҷикматлубот» имкони ба кор андохтани корхонаро надорад, онро ба ихтиёри Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гузорад, то бо ҷалби соҳибкорон корхона ба кор дарояд».

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»